Гуфт: Эй сари сарварони олам,
Олам ҳама тан, ту ҷони олам.
Сар нест – сомон нест.
Сари ҳамаи саъодатҳо ақл аст.
Андар ҳисор ҳисоре дигар буд бар сари кӯҳ [ва] ҳеч касро бад-он ҳисор роҳ набудӣ.
Бар сари он кӯҳ роҳи нек танг,
К-аз убураш буд пои ваҳм ланг.
Риштаи дароз пайдо кунам, як сар бар пои ту бандам ва сари дигар дар пои хеш муҳкам созам.
бештарМусҳафҳои Қуръон биёварданд ва бар сари найзаҳо бастанд.
Ба рух пӯшида рӯмоли гулоболуда, бинедаш!
Сари ангушт аз хуни кабоб олуда, бинедаш!
Ба май иморати дил кун, ки ин ҷаҳони хароб
Бар он сар аст, ки аз хоки мо бисозад хишт.
Дорам он сар, ки сар андар сари кори ту кунам,
Бо мани дилшуда ҳарчанд саре нест туро.
Сари шунидани ашъор дошт лола ба боғ,
Насим ин ғазал оварду хонд бар лола.
Шунидам, ки бо бандагонаш сар аст,
Хиёнатписанд асту шаҳватпараст.