Сар зад зи чоки паҳлуи ман оташи дарун,
Ман мурғи оташинпарам, ин аст боли ман.
Соқӣ, биё, ки домани дил шуд канори шох,
Зад чун ҷаноби ғунча сар аз ҷӯйбори шох.
Чу хур барзадӣ сар зи нилӣ равоқ,
Алам баркашидӣ зи пирӯза тоқ.
Эй порсо, чи сар заниям з-он ки майфурӯш,
Сад кӯза бар сари мани тавбашикан задаст.
Аз камоли ғайраташ он тундхӯи кинаҷӯ,
Саркашшонро сар заду дар мулки дил танҳо нишаст.