Дар инҷо шумо абзорҳоеро меёбед, ки ё мо сохтаем ва ё ба дигар таҳиягарон пайванд додаем, ки комилан муфид ҳастанд.

Нависагардони хатти сирилик ба хатти форсӣ ва баръакс

Нависагардони тоҷикӣ ба форсӣ. Барои нависагардонии сирилик ба хатти форсӣ, матни сириликро дар майдони болоии "Tajik Text" қарор диҳед ва бар рӯи тугмаи "Transliterate" пахш кунед. Ба шумо чандин гузинаи баргардон дар қавсҳои мураббаъ пешниҳод мешавад. Шумо метавонед гузинаи дурустро барои матни ниҳоӣ бо пахши маконнамо (курсор) бар рӯи он интихоб кунед. Барои гирифтани нусха аз матн тугмаи "Copy"-ро пахш кунед.


Телеграм Бот

Телеграм боти мо имкони ёфтани маънои вожаро мустақиман дар телефонҳои ҳамроҳ, бидуни вуруд ба торнамои мо, фароҳам меоварад. Барои фаъъол кардани бот ба шумо лозим аст, ки ба пайванди баъдӣ гузаред, https://t.me/vazhaju_bot. Замоне ки шумо ботро ба Телегроми худ изофа мекунед, бот шуморо бо паёми зерин пазироӣ мекунад,

Вожаҷӯ аз шумо пазироӣ мекунад! Вожае бинависед.

Акнун шумо метавонед бо истифода аз бот барои ҷустуҷӯи таърифҳо ба тоҷикӣ ва форсӣ оғоз кунед.


Афзуна барои Гугл Хром

Афзунаи мо барои Гугл Хром имкони зуд ва осон дидани маънои вожаҳоро дар дилхоҳ торнамо фароҳам месозад. Барои ин ба шумо лозим аст, ки афзунаро насб кунед, ба ин пайванд биравед. Навори баъдӣ кори афзунаро дар амал ба шумо нишон медиҳад,


Ҷонамоии сафҳакалиди тоҷикӣ ва форсӣ барои Windows ва Mac OS