Эй дареғо, ки ҳарифон ҳама сар бинҳоданд,
Бодаи айш асар карду ҳама афтоданд.
Чун шуморандам амину муқтадо,
Сар ниҳандам ҷумла, ҷӯянд эҳтидо.
Бинеҳ сар, гар дар ин ҷо ту намеғунҷӣ, ки дар сӯзан,
Агар ришта намегунҷад, аз он бошад, ки сар дорад.
Бад-ин доира ҳар ки по дарниҳад,
Чу давраш ба охир расад, сар ниҳад.
Аз суҳбати ёрони Димишқам малолате падид омада буд, сар дар биёбони Қудс ниҳодам ва ба ҳайвонот унс гирифтам.