об آب I
исм
  1. моеъи шаффофи беранг, ки дар ҳолати софӣ аз омезиши химиявии ҳидроген ва оксиген иборат аст
    • Билолид кӯҳ, обҳо бардамид,

      Сари рустанӣ сӯи боло кашид.

      Абулқосим Фирдавсӣ
    оби гандида آب گندیده
    сифат
    оби вайроншуда, оби бадбӯю ифлоси ҳамом ва ғ., поёб
    оби хонӣ آب خوانی
    исм
    оби ҳавз; оби соф
    оби ширин آب شیرین I
    сифат
    оби гуворо, оби нӯшиданӣ
    об хӯрдан آب خوردن
    феъл
    1. 1.
      об нӯшидан, ошомидан.
    2. 2.
      маҷ. парвариш ёфтан, ғизо гирифтан, баҳра бурдан
    3. 3.
      маҷ. таваққуф кардан, истодан
    оби зулол آب زلال
    сифат
    оби соф; оби ширин, оби гуворо
    оби доғ آب داغ
    исм
    1. 1.
      ҷӯш, оби бисёр гарм
    2. 2.
      обе, ки оҳангарон дар он оҳани тафсонро андохта хунук мекунад
    об дар шир кардан آب در شیر کردن
    феъл
    нигаред ба об дар шир рехтан 1; киноя аз фиреб додан, қаллобӣ кардан
    об белаҷом хӯрдан آب بی‌لجام خوردن
    феъл
    нигаред ба об беафсор хӯрдан 1; киноя аз худсарӣ кардан, ба ихтиёри худ кор кардан
    об гардидан آب گردیدن
    феъл
    нигаред ба об гаштан 1; гудохтан шудан, об шудан; ҳал шудан
    обсабза آبسبزه
    исм
    нигаред ба обсабз 1; рустаниҳое, ки дар об мерӯянд
    обхвард آبخورد
    исм
    нигаред ба обхӯр I 1; нигаред ба обишхӯр 1
    обҷӯй آب‌جوی
    сифат
    нигаред ба обҷӯ 1; обталаб, ташна, обхоҳ
    оби озаросо آب آذرآسا
    сифат
    нигаред ба оби озар 1; киноя аз шароби лаъл, шароби сурх
    оби гулзорранг آب گلزارنگ
    исм
    нигаред ба оби гулгун 1; киноя аз шароб, бода
    оби разон آب رزان
    исм
    нигаред ба оби раз 1; нигаред ба оби ангур 1
  2. киноя аз дарё, рӯд (фақат дар таркибҳои изофӣ, ки номи дарё низ зикр мешавад)
    • Шаҳри Бухоро аз ҷумлаи шаҳрҳои Хуросон аст, ҳарчанд оби Ҷайҳун дар миён аст.

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Об ҳар ҷост, марказаш хок аст,

      Ба чи соз оби Ганг аз фалак аст?!

      Бедил
  3. киноя аз ашк, сиришк, оби дида (бо калимаҳои чашм ва дида меояд)
    • Аз дурии оразу лабат рафт,

      Аз чашми Камол оби бисёр.

      Камоли Хуҷандӣ бештар
    • Мехонд ҷаридаҳои Маҷнун,

      Гоҳ об зи дида рехт, гаҳ хун.

      Шоҳин
    оби дида آب دیده
    исм
    ашк, сиришк
    оби дидаи абр آب دیده ابر
    исм
    киноя аз борон
    оби чашм آب چشم
    исм
    нигаред ба оби дида 1; ашк, сиришк
  4. бавл, шоша, пешоб
    • Гар ин асп саргину об афганад,

      В-агар хишти он хонаро бишканад...

      Абулқосим Фирдавсӣ
    об тохтан آب تاختن
    феъл
    шошидан, пешоб кардан
  5. нутфа, манӣ
    • Ба сурат одамӣ шуд қатраи об,

      Ки чил рӯзаш қарор андар раҳим монд.

      Саъдӣ
  6. маҷ. ҷило, тобиш
    • Зи рашки рӯи ту хуршед бе тоб,

      Зи ёқути лабонат лаъл бе об.

      Ғиёсӣ
    оби теғ آب تیغ
    исм
    ҷавҳари теғ, ҷилои теғ; тезии дами теғ
    оби шамшер آب شمشیر
    исм
    нигаред ба оби теғ 1; ҷавҳари теғ, ҷилои теғ; тезии дами теғ
  7. маҷ. тароват, тозагӣ; равнақ
    • Бар оби рухат як гули сероб наёяд,

      Он-ч аз лабат ояд, зи ман ноб наёяд.

      Хусрави Деҳлавӣ
    оби кор آب کار
    исм
    равнақу ривоҷи кор
    оби ораз آب عارض
    исм
    сафои рӯй, ҷилои чеҳра; тарова ва тарию тозагӣ дар чеҳра
    об додан آب دادن
    феъл
    1. 1.
      ҷило бахшидан, ҷилодор кардан, ҷавҳар додан (ба теғ, шамшер ва ғ.)
    2. 2.
      равнақ додан, зинат додан, оростан
  8. обрӯ, эътибор
    • Обе, ки маро назди бузургони ҷаҳон буд,

      Хуш-хуш ҳама бар боди ғами ишқи ту додам.

      Анварӣ
    об бурдан آب بردن
    феъл
    беобрӯ кардан; беэътибор ва камқимат кардан
    оби касе рехтан آب کسی ریختن
    феъл
    обрӯи касеро рехтан, эътибори касеро бурдан; касеро беиззату беҳурмат кардан; беобрӯю беътибор шудан
    обрӯй آبروی
    исм
    нигаред ба обрӯ 1; эътибор, иззат, шараф, некномӣ; номӯс
  9. тоб, тавон
    обутобдиҳӣ آبوتابدهی
    исм
    нигаред ба обутоб 1; тобоварӣ, бо машқу варзиш пухтагардонӣ; баданро обутоб додан, тақвияти бадан бо машқ ва таъсири сармову гармо
    оби зиндагӣ آب زندگی
    исм
    чашмаи афсонавӣ, ки гӯё дар мамлакати зулмот воқеъ будааст ва нӯшидани оби он умри ҷовид мебахшидааст
    рафтани оби кор رفتن آب کار
    исм
    бетобу тавон шудан
    бар оби худ омадан بر آب خود آمدن
    ба обу тоби пештараи худ омадан, бар ҳоли худ омадан
    дар об андохтан در آب انداختن
    феъл
    1. 1.
      киноя аз несту нобуд кардан, маҳв кардан
    2. 2.
      ғарқ кардан
    обу ҷорӯб кашин آب و جاروب کشین
    феъл
    об зада рӯфтан, рӯфтан
    дар об ғарқа шудани тан در آب غرقه شدن تن
    феъл
    бисёр арақ кардан
    дар обу арақ афтодан در آب و عرق افتادن
    феъл
    сахт хиҷолат кашидан, бисёр шарм доштан
    бар рӯи об баровардан بر روی آب برآوردن
    феъл
    зоҳир кардан
    ба рӯи кор омадани об به روی کار آمدن آب
    феъл
    зоҳир шудани коре
    бар оби чашма пул шикастан بر آب چشمه پل شکستن
    киноя аз изҳори бесабрӣ ва бетоқатӣ намудан
    пеши чизе об хӯрдан پیش چیزی آب خوردن
    феъл
    киноя аз ва беаҳмияти будани чизе нисбат ба касе ё чизе
    дар об ронда در آب رانده
    феъл
    киноя аз фирефтан, фиреб додан
    ба об расидан به آب رسیدن
    феъл
    хароб кардан, вайрон кардан
    ба зери касе об ҳиштан به زیر کسی آب هشتن
    ба бунёди кори касе осеб овардан
    ба дасти касе об рехтан натавонистан به دست کسی آب ریختن نتوانستن
    киноя аз лаёқати хидмати касеро надоштан, сазовори хидмати касе набудан; баробарӣ кардан натавонистан ба касе
    аз сар гузаштани об از سر گذشتن آب
    феъл
    кор аз ҳад гузаштан, аз ҳадди чораю тадбир гузаштани ҳодисаи ногувор
    аз об шудан از آب شدن
    феъл
    аз даст рафтан, барбод шудан
    ба кори об будан به کار آب بودن
    киноя аз ба таври доимӣ шаробхӯрӣ кардан
    аз об озар афрӯхтан از آب آذر افروختن
    феъл
    аз шарм арақ рехта сурх шудан
    аз даҳан рафтани об از دهن رفتن آب
    киноя аз дар орзую ҳаваси чизе гум задани дил, чизеро сахт ҳавас кардан
    об дар шир рехтан آب در شیر ریختن
    феъл
    киноя аз фиреб додан, қаллобӣ кардан
    об дар сабад кардан آب در سبد کردن
    феъл
    киноя аз кори беҳуда кардан
    об дар миён доштан آب در میان داشتن
    феъл
    1. 1.
      киноя аз ғаш доштан, холис набудан
    2. 2.
      киноя аз нодуруст будан
    об дар коло кардан آب در کالا کردن
    феъл
    фиребгарӣ кардан, қаллобӣ кардан, норостӣ кардан
    об дар ҳован кӯфтан آب در هاون کوفتن
    феъл
    киноя аз кори беҳуда кардан, машғули кори бенатиҷа шудан
    об дар ҷигар надоштан آب در جگر نداشتن
    феъл
    киноя аз сахт муҳтоҷ будан, фақир будан
    оби оташин آب آتشین
    сифат
    киноя аз шароби сурх
    об дар дида равон гардонидан آب در دیده روان گردانیدن
    феъл
    киноя аз гиристан, гирф кардан
    об дар дида доштан آب در دیده داشتن
    феъл
    шармгин будан, ҳаё доштан
    обро бар ресмон бастан آب را بر ریسمان بستن
    феъл
    киноя аз кори беҳуда кардан, кӯшиши бефоида кардан, ба кори нашуданӣ кӯшидан
    об бар оташи касе пошидан آب بر آتش کسی پاشیدن
    феъл
    киноя аз касеро таскин додан, ғазаби касеро фурӯ нишондан
    об бар оина аз пайи касе рехтан آب بر آیینه از پی کسی ریختن
    исм
    расмест, ки ҳангоми гусел кардани шахс ба сафар чанд барги сабз бар оина мегузоранд ва бар он об мепошанд ва ин рамзи орзуи ба саломат бозгаштани мусофир будааст
    об ба рӯи кор овардан آب به روی کار آوردن
    феъл
    киноя аз эътибор ёфтан, соҳиби обрӯ шудан; равнақ ёфтан
    об аз ҷигар бахшидан آب از جگر بخشیدن
    киноя аз ато кардан, чизе ба мардум додан, бахшиш
    оби шарм бурдан آب شرم بردن
    феъл
    киноя аз беҳаёи кардан; обрӯ рехтан
    оби ҳуш задан آب هوش زدن
    феъл
    киноя аз ҳушёр кардан, ба худ овардан
    оби чашм рехтан آب چشم ریختن
    феъл
    гиристан, гиря кардан; киноя аз тавба кардан
    оби чашм гирифтан آب چشم گرفتن
    феъл
    киноя аз тарсондан, ба дил ҳарос андохтан, рамондан
    оби хуш хӯрдан آب خوش خوردن
    феъл
    киноя аз роҳат кардан, осудан; баҳравар шудан
    оби даст фишондан آب دست فشاندن
    феъл
    киноя аз сахт фишурдани даст; муҳкам доштани даст
    оби арғунвон آب ارغونوان
    исм
    1. 1.
      киноя аз шароби сурх 
    2. 2.
      киноя аз ашки хунин 
    3. 3.
      киноя аз хун
    об беафсор хӯрдан آب بی‌افسار خوردن
    феъл
    киноя аз худсарӣ кардан, ба ихтиёри худ кор кардан
    об гаштан آب گشتن
    феъл
    1. 1.
      гудохтан шудан, об шудан; ҳал шудан
    2. 2.
      адову афгор шудан, азоб кашидан
    об шудан آب شدن
    исм
    1. 1.
      нигаред ба об гаштан 2; адову афгор шудан, азоб кашидан
    2. 2.
      беобурӯ шудан, шарманда шудан, эътибор гум кардан; аз равнақ мондан
    об рондан آب راندن
    феъл
    об кушодан, об мондан, обёрӣ кардан
    об кашидан آب کشیدن
    феъл
    1. 1.
      об овардан, об кашондан
    2. 2.
      об баровардан аз чоҳ
    об кардан آب کردن
    феъл
    гудохтан
    об задан آب زدن
    феъл
    фурӯ нишондани гард бо обпошӣ, об пошидан
    об дидан آب دیدن
    феъл
    1. 1.
      зоеъ шудан, зиён расидан, доғдор шудан
    2. 2.
      об кушодан 
    оби гирифтани чашм آب گرفتن چشم
    феъл
    киноя аз лаззат бурдан, баҳраманд шудан бо назора
    об гирифтани рӯй آب گرفتن روی
    феъл
    зебоӣ пайдо кардан; ҳусну тароват ёфтан
    об гирифтан آب گرفتن
    феъл
    1. 1.
      тар шудан, нам кашидан
    2. 2.
      газак кардан, мадда кардан, рим пайдо кардани ҷароҳат
    3. 3.
      сабз шудан, сабзидан; таровату тозагӣ пайдо кардан; равнак ёфтан
    об гардонидан آب گردانیدن
    феъл
    тағйир додани обу ҳаво барои муолиҷаи бемор
    об бастан آب بستن
    феъл
    об додан, об мондан
    об афгандан آب افگندن
    феъл
    1. 1.
       хомӯш кардан, об пошидан
    2. 2.
      шошидан
    обу ҳаво آب و هوا
    исм
    шароити табии як сарзамин, иқлим
    обу хок آب و خاک
    исм
    нигаред ба обу ҳаво 1; шароити табии як сарзамин, иқлим
    обу тоб آب و تاب
    исм
    ҷило, сафо, дурахшонӣ
    обу ранг آب و رنگ
    исм
    1. 1.
      ҳусн, зебоӣ, хубӣ; тароват, латофат
    2. 2.
      гулгуна, ғоза, сурхию сафедӣ ва амсоли он, ки ба рӯй мемоланд
    обу ранг бардоштан آب و رنگ برداشتن
    феъл
    киноя аз ҳусн гирифтан, зебоӣ пайдо кардан
    обу таом آب و طعام обу таъом
    исм
    хӯрок, хӯрданӣ
    обу равған آب و روغن
    исм
    1. 1.
      киноя аз носозгарӣ, зидди якдигар будан, ба ҳам, ночаспон будан
    2. 2.
      тазвир, ҳила
    обу оташ آب و آتش
    исм
    киноя аз ду ҷинси зидди ҳамдигар
    обу озуқа آب و آذوقه‌
    исм
    хӯрокворӣ
    обу нон آب و نان
    исм
    хӯрок; хӯроки андак, хӯроки қашшоқона
    об доштани чизе آب داشتن چیزی
    исм
    нигаред ба об дар миён доштан 1; киноя аз ғаш доштан, холис набудан
    обу намак آب و نمک
    исм
    ҳаловат, ширинӣ
    об дар дӯғ доштан آب در دوغ داشتن
    феъл
    нигаред ба об дар шир рехтан 1; киноя аз фиреб додан, қаллобӣ кардан
    об дар назар доштан آب در نظر داشتن
    феъл
    нигаред ба об дар дида доштан 1; шармгин будан, ҳаё доштан
    оби кушода آب گشاده
    сифат
    киноя аз шароби камкайф, бодаи бенашъа
    оби аҳмар آب احمر
    исм
    1. 1.
      киноя аз шароби сурх
    2. 2.
      киноя аз ашки хунин, хуноба
    об зери коҳ آب زیر کاه
    исм
    пӯшидан ба нодонӣ задан, тағофул кардан
    оби ҷигар آب جگر
    исм
    хуноб
    оби бодаранг آب باده‌رنگ
    исм
    киноя аз ашки хунин
    оби ҳаром آب حرام
    исм
    1. 1.
      шароб, май
    2. 2.
      нутфа, оби манӣ
    обу алаф آب و علف обу ъалаф
    исм
    ризқу рӯзӣ; хӯрок, обу дона
    об дар дида آب در دیده
    зарф
    гирён
    оби ҷӯ(й) آب جو (ی)
    исм
    молу давлат
    об дар зери коҳ آب در زیر کاه
    киноя аз кори пинҳонӣ; макр, ҳила, ҳиял
    оби ҷовидон آب جاودان
    исм
    нигаред ба оби зиндагӣ 1; чашмаи афсонавӣ, ки гӯё дар мамлакати зулмот воқеъ будааст ва нӯшидани оби он умри ҷовид мебахшидааст
    оби ҳайвон آب حیوان
    исм
    нигаред ба оби зиндагӣ 1; чашмаи афсонавӣ, ки гӯё дар мамлакати зулмот воқеъ будааст ва нӯшидани оби он умри ҷовид мебахшидааст
    об додани дида آب دادن دیده
    феъл
    аз тамошои чизе лазат бурдан, роҳат кардан аз дидани чизе
    оби инаб آب عنب оби ъинаб
    исм
    киноя аз шароби ангурӣ; шароб, май
    оби шафақгун آب شفق‌گون
    исм
    киноя аз шароби сурх
    оби Шероз آب شیراز
    исм
    киноя аз шароб, бода
    оби шерозӣ آب شیرازی
    исм
    нигаред ба оби Шероз 1; киноя аз шароб, бода
    оби шингарфӣ آب شنگرفی
    сифат
    1. 1.
      киноя аз шароби сурх
    2. 2.
      киноя аз ашки хунин
    оби шӯр آب شور I
    сифат
    1. 1.
      оби намакин, оби сернамак
    2. 2.
      киноя аз ашк, сиришк, оби дида
    оби ҳаёт آب حیات
    исм
    нигаред ба оби зиндагӣ 1; чашмаи афсонавӣ, ки гӯё дар мамлакати зулмот воқеъ будааст ва нӯшидани оби он умри ҷовид мебахшидааст
    оби зулмотранг آب ظلماترنگ
    исм
    киноя аз шароб
    оби ток آب تاک
    исм
    киноя аз шароб, май
    оби Хизр آب خضر
    исм
    оби ҳаёт, ки танҳо Хизр роҳи онро ёфта, нӯшидааст ва зиндаи ҷовид аст
    оби хушк آب خشک
    исм
    киноя аз шиша, обгина, булӯр
    оби чу озар آب چو آذر
    исм
    киноя аз май
    оби шавқ آب شوق
    исм
    киноя аз оби дида, ки аз камоли иштиёқмандӣ мерезад, ашк, сиришк
    оби талх آب تلخ
    исм
    1. 1.
      оби шӯр, оби баҳр
    2. 2.
      киноя аз шароб, май
    оби тараб آب طرب
    исм
    киноя аз май, шароб
    оби тарабнок آب طربناک
    исм
    киноя аз май, шароб
    оби сиёҳ آب سیاه
    исм
    1. 1.
      сиёсӣ, ранги хатнависӣ
    2. 2.
      иллати обравии чашм, ки боиси нобиноӣ мегардад
    3. 3.
      ғафлат
    4. 4.
      моддаҳои гудохтае, ки аз кӯҳи оташфишон мебарояд
    5. 5.
      ароб, бода
    6. 6.
      оби амиқ
    оби сияҳ آب سیه
    исм
    1. 1.
      нигаред ба оби сиёҳ 1; сиёсӣ, ранги хатнависӣ
    2. 2.
      нигаред ба оби сиёҳ 4; моддаҳои гудохтае, ки аз кӯҳи оташфишон мебарояд
    оби рух рехтан آب رخ ریختن
    феъл
    1. 1.
      беобрӯ кардан
    2. 2.
      эътибор гум кардан, беобрӯ шудан
    оби рух آب رخ
    исм
    1. 1.
      киноя аз арақи рӯй, хай
    2. 2.
      киноя аз сафои чеҳра, тарию тозагии рухсор
    оби рӯй آب روی
    исм
    нигаред ба оби рух 1; киноя аз арақи рӯй, хай
    оби раҳмат آب رحمت
    исм
    1. 1.
      киноя аз борони файзбахш; борони баҳор
    2. 2.
      ҷӯест дар Самарқанд, ки аз самти ҷанубии расадхонаи Улуғбек ба самти ғарбӣ равон аст
    оби сурх آب سرخ
    исм
    киноя аз шароб, май масоҳат ва балоғати сухан, ширинӣ ва салосати гуфтор; ҳусни камол
    обпартов آبپرتاو
    исм
    нигаред ба обпарто 2; ҷӯй барои ҷорӣ сохтани обҳои нодаркору зиёдатӣ, сохтмони махсус дар бандҳо ва махзанҳои об барои ҷорӣ кардани оби зиёдатӣ
    оби дандоншикан آب دندان‌شکن
    сифат
    киноя аз оби сард, яхоб
    оби равшан آب روشن
    исм
    1. 1.
      киноя аз равнақу ривоҷ 
    2. 2.
      киноя аз некӯи, хубӣ
    оби равон آب روان
    исм
    1. 1.
      обу тоб, тароват ва тозагӣ
    2. 2.
      киноя аз обе, ки ҳаловат бахши ҷон аст; оби ҳаёт 
    оби рангин آب رنگین
    исм
    киноя аз шароб, май
    оби софӣ آب صافی
    сифат
    оби зулол ва шаффоф, оби соф ва тоза, оби мусаффо
    оби афсуда آب افسوده
    исм
    1. 1.
      киноя аз шиша ва пиёлаи булӯр
    2. 2.
      киноя аз шамшер, ханҷар
    оби фасурда آب فسرده
    исм
    нигаред ба оби афсуда 1; киноя аз шиша ва пиёлаи булӯр
    оби оташнишон آب آتشنشان
    исм
    киноя аз шароб
    оби оташзада آب آتشزده
    исм
    1. 1.
      киноя аз ашк, сиришк
    2. 2.
      шароби лаъл; шароб, бода
    оби оташнок آب آتشناک
    исм
    нигаред ба оби оташзада 1; киноя аз шароб, бода
    оби озар آب آذر
    сифат
    1. 1.
      киноя аз шароби лаъл, шароби сурх
    2. 2.
      киноя аз ашки хунин
    оби оташхаёл آب آتشخیال
    исм
    киноя аз шароб, май, бода
    оби найшакар آب نیشکر
    исм
    шира
    оби набот آب نبات
    исм
    1. 1.
      қиёме, ки пас аз хӯша бастани набот боқӣ мемонад 
    2. 2.
      ҳалвои махсуси Бухоро, ки бо равғани кунҷид ва орд мепазанд
    3. 3.
      навъе аз харбуза
    оби мурда
    сифат
    муқобили оби равон 1; оби ғайриҷорӣ, оби истода
    оби наргис آب نرگس
    исм
    нигаред ба оби дида 1; ашк, сиришк
    оби мардон آب مردان
    исм
    манӣ, нутфа
    оби марям آب مریم
    исм
    1. 1.
      киноя аз иффат, покдоманӣ
    2. 2.
      шираи ангур; шароби ангурӣ
    оби мунҷамид آب منجمد
    исм
    1. 1.
      ях; яхча, тагарг, жола
    2. 2.
      киноя аз шиша, обгина; пиёлаи булӯр
    3. 3.
      киноя аз теғ, ханҷар, синон ва ғ.
    оби афшурда آب افشرده
    исм
    киноя аз май, шароб
    оби барф آب برف
    исм
    киноя аз сиришк, ашк
    оби зар آب زر
    исм
    1. 1.
      обе, ки дар он тило ҳал кардаанд, оби тило, ки дар хатнависӣ ва наққошӣ истифода мебаранд
    2. 2.
      киноя аз шароб, май
    оби ишрат آب عشرت оби ъишрат
    исм
    киноя аз шароб, май
    оби кабуд آب کبود
    исм
    1. 1.
      киноя аз осмон;
    2. 2.
      баҳри Ахзар (баҳри Чин), ки мувофиқи афсона ҳар шаб занони зебо аз он баромада, дар домани кӯҳе, ки канори он воқеъ аст, бозӣ мекунанд ва бо баробари рӯз шудан ба об даромада мераванд
    3. 3.
      баҳр
    оби маразкоҳ آب مرضکاه
    исм
    1. 1.
      оби шифо, дору
    2. 2.
      киноя аз шароб
    оби Замзам آب زمزم
    исм
    чоҳе дар Макка, ки барои мусулмонон обаш муқаддас аст
    оби даҳон آب دهان
    исм
    1. 1.
      туф
    2. 2.
      тавба, истиғфор
    оби даста آب دسته
    исм
    1. 1.
      обе, ки ба он даст мешӯянд; обе, ки ба он даст шустаанд
    2. 2.
      маҳорат, устодӣ дар санъат
    оби дандон آب دندان
    исм
    1. 1.
      ҷилову сафои дандон
    2. 2.
      ширинии сахту часпаки дона-дона, монпасе
    3. 3.
      ҳарфи гӯл ва мағлуб; сустбозу, заиф
    оби гулгун آب گلگون
    исм
    киноя аз шароб, бода
    оби гарданда آب گردنده
    исм
    осмон, фалак
    оби баста آب بسته
    исм
    яхча, тагарг, жола
    оби бақо آب بقا
    исм
    1. 1.
      нигаред ба оби зиндагӣ 1; чашмаи афсонавӣ, ки гӯё дар мамлакати зулмот воқеъ будааст ва нӯшидани оби он умри ҷовид мебахшидааст
    2. 2.
      киноя аз сухан, гапи ширин ва форам
    оби гавҳар آب گوهر
    исм
    1. 1.
      як навъ бемории чашм, гул афтодан ба чашм 
    2. 2.
      киноя аз сухани пурмаънӣ
    оби гуҳар آب گهر
    исм
    нигаред ба оби гавҳар 1; як навъ бемории чашм, гул афтодан ба чашм 
    оби марворид آب مروارید
    исм
    нигаред ба оби гавҳар 1; як навъ бемории чашм, гул афтодан ба чашм 
    оби раз آب رز
    исм
    нигаред ба оби ангур 1; киноя аз шароб, май
    оби харобот آب خرابات
    исм
    киноя аз шароб, май, бода
    обу гил آب و گل
    исм
    1. 1.
      киноя аз сиришт, табиъати инсон
    2. 2.
      вуҷуд, ҳастӣ
    3. 3.
      аслу насаб
об آب II
исм
моҳи ёздаҳуми румӣ, ки ба моҳи август баробар меояд
  • То чаман пажмурда гардад дар маҳи конуну дай,

    То ҳаво тафсида гардад дар маҳи айлулу об.

    Муъиззӣ бештар
  • Бисӯзад ба шаб хирмани моҳро,

    Самуми ниҳеби ту дар моҳи об.

    Асири Ахсикатӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии об, маънии вожаи об, маънии калимаи об, маънии ибораи об, маънои об, маънои вожаи об, маънои калимаи об, маънои ибораи об, таърифи об, таърифи вожаи об, таърифи калимаи об, таърифи ибораи об, значение об, значение слова об, значение фразы об, значение выражения об, определение об, определение слова об, определение фразы об, определение выражения об