Пай карда, сар бурида ба оби сиёҳ рафт,
Чун хома ҳар ки бо ту набудааст якзабон.
Зи саҳми хадангат ба рӯзи сапед,
Даромад ба чашми хур оби сиёҳ.
Гар барам оби сиёҳ аз дида, мегардад сафед,
Кай тавон кардан балои тирарӯзонро илоҷ?
Пунба аз гӯш дур кун, бонги наҷот мерасад,
Оби сиёҳ дармарав, к-оби ҳаёт мерасад.