Зи қадду рӯи ту шарманда боғбон мегуфт,
Ки обу ранг надоранд сарву лолаи мо.
Ҳазорон боғу гулшан дар ғубори мақдамаш надҳам,
Ки нақши хоки пояш обу ранги сад чаман дорад.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чи ҳоҷат рӯи зеборо.