нек نیک
сифат
  1. муқобили бад I 1; хуб, нағз, хуш; бахайр, бафоида, басалоҳ
    • Нек бо бад бувад зи рӯи шумор,

      Некии бе бадӣ ту чашм мадор.

      Саноӣ бештар
    • Нек аст ҳар он бад, ки ба бедодгар ояд.

      Зарбулмасал
    ҳаммаъно: хуб, хуш
    зидмаъно: бад
  2. одами хуб
    • Нек бошию бадат гӯяд халқ,

      Беҳ, ки бад бошию некат донанд.

      Саъдӣ бештар
    • Некӣ бар бадон, бадӣ бар некон аст.

      Зарбулмасал
  3. ба хубӣ, ба дурустӣ, нағз
    • Чун нек нигаҳ кунам, назебад

      Ҷуз номи ту зеваре саноро.

      Анварӣ
    нек-нек نیک نیک
    сифат
    хеле хуб; маҳкам, устуворона, хеле сахт
  4. некӣ, хубӣ, нағзӣ
    • Ҳар замон гӯӣ, ки ман нек оварам,

      Ин сухан боре бигӯ, чун мекунӣ?

      Анварӣ бештар
    • Неку бад ҳар ду тавон кард, валекин бешак,

      Нек душвор тавон кардану бад сахт осон.

      Фаррухӣ
    • Яке пири фархунда солори бор,

      Басе дид неку бади рӯзгор.

      Хоҷу
  5. бисёр, хеле, сахт, зиёд
    • Нек саҳл аст зинда беҷон кард,

      Куштаро боз зинда натвон кард.

      Саъдӣ бештар
    • Даст ҷунбонад чу дасти ӯ, валек

      Дар миёни ҳар душон фарқест нек.

      Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии нек, маънии вожаи нек, маънии калимаи нек, маънии ибораи нек, маънои нек, маънои вожаи нек, маънои калимаи нек, маънои ибораи нек, таърифи нек, таърифи вожаи нек, таърифи калимаи нек, таърифи ибораи нек, значение нек, значение слова нек, значение фразы нек, значение выражения нек, определение нек, определение слова нек, определение фразы нек, определение выражения нек