Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
баланд بلند
зарф
  1. муқобили паст 1; афрошта, боло
    • З-ин пеш ба обу гил занам даст,

      Ин кохи баланди чарх шуд паст.

      Шоҳин бештар
    • Он ду абрӯи муқаввас ду камонанд баланд,

      Ки ба сад қарн аз он турфа камон натвон сохт.

      Камоли Хуҷандӣ
  2. муқобили кӯтоҳ 1; дароз, навча
    • Маҳв шуд нури хирад, то шуд маро савдо баланд,

      Рӯзҳо кӯтоҳ гардад, чун шавад шабҳо баланд.

      Соиб бештар
    • Умрест, ки дар олами савдои муҳаббат,

      Аз нолаи ман бурҷи баландест аламро.

      Бедил
  3. бисёр, зиёд, афзун
  4. тез, гузаро, шунаво (оиди садо, ханда): баланд-баланд хондан
    • Рубобу чанг ба бонги баланд мегӯянд,

      Ки гӯши ҳуш ба пайғоми аҳли роз кунед.

      Ҳофиз бештар
    • Дар чаман қумрӣ ҳамегӯяд ба овози баланд,

      Ростӣ аз тинати сарви хиромон бурдаанд. 

      Саййидо
  5. бисёр сахт, бошиддат: оташи баланд, таби баланд
сифат
  1. ғализ, пурранг (нисбат ба ранг): кабуди баланд, сурхи баланд
  2. маҷ. хеле хуб, хориқулода, олӣ: маҳорати баланд, мазмуни баланд, сухани баланд, табъи баланд, истеъдоди баланд
    баланд гирифтан بلند گرفتن
    феъл
    1. 1.
      якбора бо садои баланд шурӯъ кардан (мас., дар сурудхонӣ, ки одатан оҳиста-оҳиста ба авҷ расонида мешавад)
    2. 2.
      худро афзал донистан, худро беҳтар шумурдан
  3. қоматбаланд, қаддароз
    • Маликзодаеро шунидам, ки кӯтоҳ буд ва ҳақир ва дигар бародаронаш баланду хубрӯй.

      Саъдӣ
    болои баланд بالای بلند
    сифат
    қомати мавзун, қади расо
    баланду паст بلند و پست
    1. 1.
      киноя аз сахтиву душворӣ, киноя аз камбудӣ, норасоӣ
    2. 2.
      киноя аз ноҳамворӣ, номувофиқатӣ
    баланд шудан بلند شدن
    феъл
    ба вуҷуд омадан, бархостан; зоҳир гаштан, падид омадан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии баланд, маънии вожаи баланд, маънии калимаи баланд, маънии ибораи баланд, маънои баланд, маънои вожаи баланд, маънои калимаи баланд, маънои ибораи баланд, таърифи баланд, таърифи вожаи баланд, таърифи калимаи баланд, таърифи ибораи баланд, значение баланд, значение слова баланд, значение фразы баланд, значение выражения баланд, определение баланд, определение слова баланд, определение фразы баланд, определение выражения баланд