паст پست
сифат
  1. муқобили баланд 1; зер, поён, таҳ
    • Парастор наълайни заррин ба даст,

      Ба пой истода, сар афганда паст.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • В-аз паст чу оташ бигирояд суви боло.

      Унсурӣ
  2. кӯтоҳ, калта
    • Чаро-ш риш дароз омадасту боло паст,

      Муҳол бошад–боло чунону риш чунин.

      Мунҷик бештар
    • Дар наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо,

      В-аз қадди баланди ӯ болои санавбар паст.

      Ҳофиз
  3. осуда, ором, беҳаракат
    • Ки ту чун равонӣ, чунин паст маншин,

      Ки бо ту намонад басе ин равонӣ.

      Носири Хусрав
  4. сокин, ғайри баланд (дар бораи овоз)
    • Захмаи рудзан на пасту на тез,

      Зули соқӣ на кӯтоҳу на дароз.

      Фаррухӣ
  5. сабук, чаққон, тез
    • Гуроза чу аз бод бикшод даст,

      Ба зин баршуд он турки бедор паст.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  6. ҳаросон; мушавваш, музтариб
    • Ҳамон ҷоми заррин гирифта ба даст,

      Ҳама дил зи бими шаҳаншоҳ паст.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  7. ногувор, талх
    • Биёбад бар он пири Ковус даст,

      Шавад кому ороми мо ҷумла паст.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  8. маҷ. бечора; ҳақир; хору зор
    • Шоҳ агар ҷойро писанд кунад,

      Бандаи пастро баланд кунад.

      Низомӣ
  9. маҷ. фурӯтан, хоксор
  10. маҷ. сифла, нокас, ноодам
    • Кунун бандаи носазовори паст,

      Биёмад, ба тахти каён барнишаст.

      Абулқосим Фирдавсӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии паст, маънии вожаи паст, маънии калимаи паст, маънии ибораи паст, маънои паст, маънои вожаи паст, маънои калимаи паст, маънои ибораи паст, таърифи паст, таърифи вожаи паст, таърифи калимаи паст, таърифи ибораи паст, значение паст, значение слова паст, значение фразы паст, значение выражения паст, определение паст, определение слова паст, определение фразы паст, определение выражения паст