по پا
феъл
асоси замони ҳозираи пойидан 1
по پا I пой پای
исм
  1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки ба воситаи он роҳ мегарданд ва бадан дар он қарор гирифтааст
    • Зери поят гар бидонӣ ҳоли мӯр,

      Ҳамчу ҳоли туст зери пои пил.

      Саъдӣ
    по фушурдан پای فشردن
    феъл
    нигаред ба пой афшурдан 1; истодагарӣ кардан, муқовимат намудан, пофишорӣ кардан
    пой хокӣ кардан پای خاکی کردن
    киноя аз сафар намудан, роҳ рафтан, ҳаракат кардан
    по шумурда гузоштан پا سمرده گزاشتن
    киноя аз бо эҳтиёт рафтор намудан; бо андеша кор кардан, бо мулоҳиза амал намудан
    по ба банд кардан پا به بند کردن
    феъл
    касеро асир ва муқайяд гардонидан
    по ба санг даровардан پا به سنگ درآوردن
    киноя аз касеро ба шикаст, ба мағлубият дучор кардан
    пои саъй фарсудан پای سعی فرسودن
    феъл
    киноя аз кӯшиш кардан, ҳаракат намудан, иқдом кардан
    бар пой кардан بر پای کردن
    1. 1.
      киноя аз таъйин кардан
    2. 2.
      киноя аз насб кардан, устувор намудан
    3. 3.
      киноя аз рост намудан, баланд бардоштан
    аз пой даровардан از پای درآوردن
    киноя аз афтондан; мағлуб кардан
    аз пой дарнавардидан از پای درنوردیدن
    киноя аз пой афтондан; маҳву нобуд кардан
    аз по фитодан از پا فتادن
    феъл
    нигаред ба аз по афтодан 1; киноя аз беҳаракат гаштан, беҳол афтодан; бехуд шудан, беҳуш гаштан
    по дар гиребон кардан پا در گریبان کردن
    киноя аз ноилоҷ гаштан, бечора шудан, ночор шудан, музтариб мондан
  2. бо изофат–қисми поёнӣ ва зерини ҳар чиз; таг, зер, бун
    • Ба пои он дарахт ором гиранд,

      Ки халқ аз меваи ӯ ком гиранд.

      Ҳилолӣ бештар
    • Шахсе аз боме ба болои марде, ки ба пои девор нишаста буд, афтод.

      Садри Зиё
  3. маҷ. охир, анҷом, интиҳо
    • Ин раҳ, ки дар ӯ на сар, на пояст,

      Ҳуш дор, ки коми аждаҳояст.

      Шоҳин
    пову сар پاو سر
    исм
    интиҳову ибтидо, охиру аввал; маҷ. тартиб, саранҷом
  4. маҷ. истодагарӣ, тоқат, тобоварӣ
    • Туро бо далерони ман пой нест,

      Ба Ҳинд-андарун лашкаророй нест.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ба овардгаҳ мар-туро ҷой нест,

      Туро хуб ба як мушти ман пой нест.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  5. маҷ. поя, мартаба, қадр
    • Нишонданд шоистагонро зи пой,

      Ба қадри ҳунар ҳар яке ҷуст ҷой.

      Низомӣ
  6. маҷ. асл, бунёд
    • Ҷаҳони ошиқӣ пое надорад,

      Агар ҷонат ҳамебояд, ҷаҳон гир.

      Анварӣ
    пои печида پای پیچیده
    сифат
    пои беҳаракат, пои сокин
    ба пой будан به پای بودن
    феъл
    1. 1.
      истодан, сокин будан, қарор гирифтан
    2. 2.
      қоим будан, рост истодан; барқарор будан, пойдор будан
    кӯтоҳ будани пои касе کوتاه بودن پای کسی
    киноя аз пастмақом будани касе; беқудрат будан, оҷиз будани касе
    пеши по дидан پیش پا دیدن
    киноя аз дурандешӣ кардан, бо мулоҳиза рафтор намудан, дониста кор кардан, хирадманд будан
    зери пои худ дидан زیر پای خود دیدن
    киноя аз чизеро дар тасарруфи худ дидан, худро соҳиби чизе дидан
    дар пой уфтодан در پای افتادن
    феъл
    1. 1.
      оҷиз шудан, нотавон гаштан дар назди касе, чизе
    2. 2.
      барои зиёрат ва побӯс сар хам кардан
    пои фигор پای فگار
    сифат
    пои маҷрӯҳ ва ланг
    пои хобида پای خوابیده
    сифат
    пои карахту беҳис, пои беҳаракат; пои беқувват
    пои хуфта پای خفته
    сифат
    нигаред ба пои хобида 1; пои карахту беҳис, пои беҳаракат; пои беқувват
    пои чӯбин پای چوبین
    сифат
    пои аз чӯб сохташуда, пои сунъӣ
    пой то сар پای تا سر
    зарф
    аз аввал то охир, сар то сар, тамоман
    по дар ҳаво پا در هوا
    сифат
    беасл, беасос
    пой дар гил پای در گل
    сифат
    побандшуда, муқайяд, гирифтор
    пову пар پا و پر
    исм
    нигаред ба повупар 1; киноя аз тобу тоқат, тобу тавон
    пой афшурдан پای افشردن
    феъл
    1. 1.
      истодагарӣ кардан, муқовимат намудан, пофишорӣ кардан
    2. 2.
      сабр кардан, тоб овардан, тоқат кардан
    по баланд кардан پا بلند کردن
    феъл
    давидан, бо суръат рафтан
    пой бастан پای بستن
    феъл
    касе ё чизеро гирифтор кардан, касе ё чизеро ба банд андохтан
    пой берун доштан پای بیرون داشتن
    феъл
    пой кашидан, дурӣ кардан, худро канор гирифтан
    пой берун ниҳодан پای بیرون نهادن
    феъл
    баромадан, хориҷ шудан
    пой боз гирифтан پای باز گرفتن
    феъл
    дурӣ намудан, канора гирифтан, тарк кардан
    по боло ниҳодан پای بالا نهادن
    феъл
    гурехтан, дур рафтан
    пой будан پای بودن
    феъл
    ба чизе розӣ будан; ба чизе хоҳиш доштани касе
    пой гирифтан پای گفتن
    феъл
    мустаҳкам шудан, ҷой гирифтан
    по кашидан پا کشیدن
    феъл
    1. 1.
      канора гирифтан, дурӣ гузидан, тарк кардан
    2. 2.
      дар ибораҳои рехта ба маънои аз ҳаракат мондан, муаттал шудан, дур рафтан, аз байн рафтан меояд, мас. ʹаз гашт по кашиданʹ–аз ҳаракат мондан; мурдан
    3. 3.
      рафтуомадро қатъ кардан, қатъи алоқа кардан, тарк кардан, дурӣ кардан
    по вокашидан پا واکشیدن
    феъл
    нигаред ба по кашидан 1; канора гирифтан, дурӣ гузидан, тарк кардан
    пой даркашидан پای درکشیدن
    феъл
    нигаред ба по кашидан 1; канора гирифтан, дурӣ гузидан, тарк кардан
    пой даровардан پای درآوردن
    феъл
    по гузоштан
    по дароз кардан پا دراز کردن
    феъл
    1. 1.
      афтодан
    2. 2.
      оҷиз шудан
    пой задан پای زدن
    феъл
    қадам гузоштан, қадам мондан
    пой кам овардан پای کم آوردن
    киноя аз баробарӣ карда натавонистан; мағлуб шудан, оҷиз гаштан, бечора мондан
    по каҷ гузоштан پا کج گزاشتن
    1. 1.
      киноя аз аз роҳ баромадан, аз роҳ хориҷ шудан
    2. 2.
      киноя аз ба хато уфтодан, хато кардан;
    3. 3.
      киноя аз аз роҳи росткорӣ баромадан, рафтори ношоиста кардан
    пой кӯбидан پای کوبیدن
    феъл
    1. 1.
      пой задан
    2. 2.
      рақсидан, рақс кардан
    пой ниҳодан پای نهادن
    феъл
    қадам мондан, рафтан; иқдом кардан, озим шудан, азм кардан
    пой дарниҳодан پای درنهادن
    феъл
    нигаред ба пой ниҳодан 1; қадам мондан, рафтан; иқдом кардан, озим шудан, азм кардан
    пой печидан پای پیچیدن
    феъл
    киноя аз гурехтан, дур шудан, канорагирӣ кардан
    пой пеш ниҳодан پای پیش نهادن
    киноя аз иқдом кардан; кӯшиш намудан
    пой фурӯ кашидан پای فرو کشیدن
    киноя аз ором шудан, таваққуф намудан
    по хӯрдан پا خوردن
    феъл
    киноя аз фиреб хӯрдан, фирефта ва гул шудан
    пои буз афгандан پای بزافگندن
    феъл
    киноя аз бетоқат, ноором ва беқарор шудан
    по аз андоза берун ниҳодан پا از اندازه بیرون نهادن
    аз ҳадди худ таҷовуз намудан
    бар пой шудан بر پای شدن
    1. 1.
      киноя аз истодан
    2. 2.
      киноя аз равон шудан; хестан, баланд шудан (ба тезӣ)
    бар думи мор будани пой بر دم مار بودن پای
    киноя аз дар хафву хатар будан
    бар пои касе будан بر پای کسی بودن
    киноя аз лоиқ ва сазовори касе будан, муносиб будан
    ба пои касе ҷое рафтан به پای کسی جای رفتن
    киноя аз бо дасти касе коре кардан, ба воситаи касе иҷро намудани коре
    ба пушти пой дидан به پشت پای دیدن
    киноя аз ба гузашта назар кардан
    ба пой шудан به پای شدن
    киноя аз ба вуҷуд омадан, барпо гаштан, падид омадан
    ба пой хостан به پای خواستن
    киноя аз рост шудан, хестан, ба пой истодан
    ба пой хор доштан به پای خار داشتن
    киноя аз дар азоб будан, дар ранҷу алам будан, дар меҳнату машаққат будан
    ба пои касе сар ниҳодан به پای کسی سر نهادن
    1. 1.
      киноя аз таъзим ва саҷда намудан ба касе 
    2. 2.
      киноя аз таслим шудан ба касе; сар фидо кардан, қурбон шудан
    ба пой омадан به پای آمدن
    феъл
    киноя аз хароб гаштан, сарнагун шудан
    ба пой овардан به پای آوردن
    киноя аз хароб кардан, вайрон намудан
    ба пой мондан به پای ماندن
    киноя аз устувор мондан, пойдор мондан; боқӣ мондан
    ба пой кардан به پای کر
    феъл
    1. 1.
      киноя аз насб кардан, устувор намудан
    2. 2.
      киноя аз таъйин кардан
    3. 3.
      киноя аз бунёд кардан, сохтан, ба вуҷуд овардан
    ба пой доштан به پای داشتن
    феъл
    киноя аз нагаҳдорӣ кардан, муҳофиза намудан
    ба пой андаровардан به پای اندرآوردن
    киноя аз сарнагун кардан, вожгун намудан
    ба пой андаромадан به پای اندرآمدن
    киноя аз паст шудан, хор гаштан, тамом шудан, аз байн рафтан
    ба пои худ гирифтан به پاب خود کرفتن
    киноя аз ба ҳиссаи худ гирифтан, ба худ гирифтан
    аз пой фуруд омадан از پای فرود آمدن
    киноя аз пой афтодан, ғалтидан
    аз пой рехтан از پای ریختن
    феъл
    аз сар то по рехтан, тамоман рехтан; киноя аз нест шудан, аз байн рафтан, маъдум гаштан
    аз пой овардан از پای آوردن
    феъл
    киноя аз мағлуб кардан
    аз пой нишондан از پای نشاندن
    феъл
    1. 1.
      киноя аз шинондан
    2. 2.
      киноя аз нест кардан, маъдум гардонидан; дур кардан, паст кардан
    аз пой нишастан از پای نشستن
    киноя аз ором гирифтан, қарор гирифтан
    аз по даромадан از پا درآمدن
    1. 1.
      киноя аз афтодан; ғалтидан
    2. 2.
      киноя аз ба сахтӣ дучор гардидан; оҷиз шудан
    3. 3.
      киноя аз мағлуб шудан
    4. 4.
      киноя аз сарнагун шудан, вайрон гаштан, несту нобуд шудан
    аз по афтодан از پا افتادن
    1. 1.
      киноя аз беҳаракат гаштан, беҳол афтодан; бехуд шудан, беҳуш гаштан
    2. 2.
      киноя аз маҳву нобуд шудан; мурдан
    аз пой баргирифтан از پای برگرفتن
    киноя аз куштан, аз миён бардоштан, нест кардан
    аз замона по кашидан از زمانه پا کشیدن
    киноя аз мурдан, фавтидан, реҳлат кардан
    аз пой андаромадан از پای اندرآمدن
    1. 1.
      киноя аз ба замин афтодан, ғалтидан
    2. 2.
      киноя аз ҳалок ва нобуд шудан
    аз пой афкандан از پای افکندن
    1. 1.
      киноя аз оҷиз гардонидан, мағлуб кардан
    2. 2.
      киноя аз маъдум сохтан, нест кардан, куштан
    пой дар доман кашидан پای در دامن کشیدن
    1. 1.
      киноя аз гӯша гирифтан, канора гирифтан
    2. 2.
      киноя аз аз ҳаракат бозистодан, қарор гирифтан; ором гаштан
    пой андаровардан پای اندرآوردن
    феъл
    пой гузоштан, қадам ниҳодан
    аз по афкандани дарахти умр از پا افکندن درخت عمر
    киноя аз ба поён расонидани зиндагӣ, мурондан
    дар гил будани пои касе در گل بودن پای کسی
    нигаред ба по дар гил доштан 1; киноя аз бозмондан, дармондан, побанд шудан, оҷиз ва нотавон шудан; ба мушкилӣ ва сахтӣ дучор шудан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии по, маънии вожаи по, маънии калимаи по, маънии ибораи по, маънои по, маънои вожаи по, маънои калимаи по, маънои ибораи по, таърифи по, таърифи вожаи по, таърифи калимаи по, таърифи ибораи по, значение по, значение слова по, значение фразы по, значение выражения по, определение по, определение слова по, определение фразы по, определение выражения по