ёқут یاقوت I
арабӣ
исм
  1. чанд навъ аз сангҳои қиматбаҳо, ки сурх, зард, кабул, сабз ва сафед мешавад
    • Биёростандаш ба дебои зард,

      Ба ёқуту пирӯзаву лоҷвард.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Сулаймони Варроқ гуфт: ...Нигине аз ёқут дидам, ки тӯли ӯ чаҳор ангушт ва арзи ӯ ду ангушт.

      Ахлоқи Муҳсинӣ
    • Ёқутро ба лаъли ту нисбат намерасад,

      Ҳарчанд ин муқобала урфаи муқаррар аст.

      Шоҳин
    ёқути азрақ یاقوت ازرق
    исм
    нигаред ба ёқути кабуд 1; сапфир
    ёқути асфар یاقوت اصفر
    исм
    нигаред ба ёқути зард 1; топаз
  2. киноя аз ашки хунин
    • Дурру ёқут ба пой афканам аз чашму дилам,

      Гар расули ту ба ҷон бохтан орад хабарам.

      Исмат
  3. киноя аз лаби сурх
    • Ту дар ёқут пинҳон кардаӣ дур,

      Чунон к-андар само иқди Сурайё.

      Исмат
  4. киноя аз шароби сурх ва ё шаробе, ки дар ҷом ёқути сурхранг менамояд
    • Нишастанд фарзонагон шодком,

      Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.

      Абулқосим Фирдавсӣ
    ёқути кабуд یاقوت کبود
    исм
    сапфир
    ёқути сухангӯй یاقوت سخنگوی
    исм
    киноя аз лаб
    ёқути тар یاقوت تر
    исм
    1. 1.
      ёқути обдор, ёқути дурахшони аъло
    2. 2.
      киноя аз ангур
    ёқути сурх یاقوت سرخ
    исм
    лаъл
    ёқути сарбаста یاقوت سربسته
    сифат
    киноя аз даҳони хомӯш
    ёқути сайёл یاقوت سییال
    сифат
    1. 1.
      ёқути равон ва моеъ
    2. 2.
      киноя аз шароби сурх
    аз ёқути сарбаста банд кушодан از یاقوت سربسته بند گشادن
    феъл
    лаб ба сухан боз кардан
    ёқути равон یاقوت روان
    сифат
    1. 1.
      шароби сурх
    2. 2.
      ашки хунин
    ёқути обдор یاقوت آبدار
    исм
    ёқути аъло, ёқути дурахшон, ёқути тар
    ёқути ноб یاقوت ناب
    сифат
    1. 1.
      ёқути соф
    2. 2.
      киноя аз майи холис
    ёқути мусаттаҳ یاقوت مسطح
    сифат
    ёқути ҳамвор ва соф
    ёқути руммонӣ یاقوت رمانی
    исм
    ёқути сурх монанди донаи анор
    ёқути музоб یاقوت مذاب
    сифат
    1. 1.
      ёқути гудохта; киноя аз шароби сурх
    2. 2.
      киноя аз хун
    ёқути майфурӯш یاقوت می‌فروش
    исм
    киноя аз лабу даҳони маҳбуба
    ёқути лаб یاقوت لب
    сифат
    киноя аз сурхии лаб, лаби сурх
    ёқути зард یاقوت زرد
    исм
    1. 1.
      топаз
    2. 2.
      киноя аз офтоб
    ёқути қадаҳ یاقوت قدح
    исм
    шароби сурх ва ё шаробе, ки дар қадаҳи ёқутӣ рехта мешавад ва сурхранг менамояд
    ба алмоси мижа ёқут суфтан به الماس مژه یاقوت سفتن
    феъл
    ашк рехтан, гиристан
    ба нӯги мижа ёқут суфтан به نوگ مژه یاقوت سفتن
    нигаред ба ба алмоси мижа ёқут суфтан 1; ашк рехтан, гиристан
ёқут یاقوت‌ II
исм
халқи асосии кишвари Ёқутистон, сокини Ёқутистон

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ёқут, маънии вожаи ёқут, маънии калимаи ёқут, маънии ибораи ёқут, маънои ёқут, маънои вожаи ёқут, маънои калимаи ёқут, маънои ибораи ёқут, таърифи ёқут, таърифи вожаи ёқут, таърифи калимаи ёқут, таърифи ибораи ёқут, значение ёқут, значение слова ёқут, значение фразы ёқут, значение выражения ёқут, определение ёқут, определение слова ёқут, определение фразы ёқут, определение выражения ёқут