Дӯш аз ғами ту даме нахуфтам то рӯз,
Ёқут ба нӯги мижа суфтам то рӯз.
Дардат, ки ба кас наметавонам гуфтан,
Ҳам бо дили хештан бигуфтам то рӯз.