Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
хушк خشک I
исм
хушкӣ, хок
  • Куҷо оштӣ хоҳад Афросиёб,

    Ки чандин сипоҳ орад аз хушку об. 

    Анварӣ бештар
  • Миқдори ёри ҳамнафас чун ман надонад ҳеч кас,

    Моҳӣ, ки бар хушк уфтад, қимат бидонад обро. 

    Саъдӣ
сифат
  1. муқобили тар 1; чизе ки об ва намӣ надорад, наму рутубат надошта; беоб
    • Ҳаворо даҳон хушк чун хок шуд,

      Ба ҷӯй-андарун об тарёк шуд. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Хушк абре, ки бувад з-об тиҳӣ,

      Н-ояд аз вай сифати обдиҳӣ. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  2. маҷ. холӣ; беҳосил, бефоида, беҳуда
    • Ҳар касеро зи лабат хушк таманное ҳаст,

      Ман худ ин бахт надорам, ки забонам бошад. 

      Саъдӣ
    ваъдаи хушк وعده خشک
    киноя аз ваъдае, ки ба он вафо нашавад, ваъдаи холӣ, ваъдаи бефоида
    ҳасрати хушк حسرت خشک
    сифат
    орзуи беҳосил, орзуи бенатиҷа
  3. маҷ. хасис
    хушк бохтан خشک باختن
    феъл
    бохтани ҳама чиз, тамоман бохтан
    хушк овардан خشک آوردن
    феъл
    хомӯш будан аз таъсири бедимоғӣ
    хушк шудан خشک شدن I
    феъл
     сард шудан, шах шудан, карахт шудан
  4. хушкида, пажмурдашуда аз беобӣ: дарахти хушк, алафи хушк
  5. беобу алаф, бедолу дарахт: биёбони хушк
  6. хушконидашуда, қоқ: меваи хушк, себи хушк
  7. бебориш: сол хушк омад
  8. беасос, беисбот
    хушк кардан خشک کردن
    феъл
    бо гармии офтоб ё оташ намии чизеро аз байн бурдан, хушкондан
    хушк мондан خشک ماندن
    феъл
    бебаҳра мондан, бенасиб шудан 
    бо дасти хушк омадан با دست خشک آمدن
    1. 1.
      бо худ чизе наовардан
    2. 2.
      барои чизе ба ҷое рафта онро наёфта омадан 
    хушку холӣ خشک و خالی
    сифат
    бе одам, бе долу дарахт, бе чиз
хушк خشک II
сифат
улуми ҷавв вежагии минтақа ё иқлим ё шароите, ки дорои рутубати нокофӣ ва табхири беш аз бориш аст

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии хушк, маънии вожаи хушк, маънии калимаи хушк, маънии ибораи хушк, маънои хушк, маънои вожаи хушк, маънои калимаи хушк, маънои ибораи хушк, таърифи хушк, таърифи вожаи хушк, таърифи калимаи хушк, таърифи ибораи хушк, значение хушк, значение слова хушк, значение фразы хушк, значение выражения хушк, определение хушк, определение слова хушк, определение фразы хушк, определение выражения хушк