рост راست I
сифат
  1. муқобили чап 2; он чи дар тарафи муқобили дасти чап воқеъ аст
    • Ва ба ҳар тарафе аз ин шаҳрҳо аз рост ва аз чап … даҳрӯза роҳ буд.

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Чу Баҳман ба Зовулистон хост шуд,

      Чап овоза афганду аз рост шуд. 

      Саъдӣ
  2. муқобили каҷ I 1; мустаҳкам, саркашида ба боло ба таври амудӣ
    • Ба зулф каж, валекин ба қадду боло рост,

      Ба тан дуруст, валекин ба чашмакон бемор. 

      Рӯдакӣ бештар
    • Сараш рост баршуд чу сарви баланд,

      Ба гуфтори хубу хирад корбанд. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
    • Лоҷарам чун ситора рост бувад,

      Натавонад, ки каҷ равад ҷадвал. 

      Саъдӣ
  3. муқобили дурӯғ 1; сухани дуруст, саҳеҳ; ҳақ
  4. дуруст, саҳеҳ, ҳақ
    • Нагиранд мар-якдигарро гузар,

      Набошад аз ин як равиш росттар. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
    рост будан راست بودن
    феъл
    дурусткор будан, поквиҷдон будан
    ба рост به راست
    зарф
    рост мегӯям, ба ростӣ
  5. баробар, расо
    • Умраш рост ба умри пайғамбар расида буд.

      Маҷмаъу-л-ансоб
  6. муносиб, мувофиқ, мутобиқ
    рост омадан راست آمدن
    феъл
    дуруст омадан, мувофиқ омадан, муносиб омадан, ҷӯр омадан
    ростон راستان
    исм
    одамони дурусткор, поквиҷдон, некӯкор; ориф, соҳибдил
рост راست II
исм
мусиқӣ яке аз мақомҳои классикӣ
  • Бар симоъи Рост хар тангир нест,

    Туъмаи хар мурғаке анҷир нест. 

    Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии рост, маънии вожаи рост, маънии калимаи рост, маънии ибораи рост, маънои рост, маънои вожаи рост, маънои калимаи рост, маънои ибораи рост, таърифи рост, таърифи вожаи рост, таърифи калимаи рост, таърифи ибораи рост, значение рост, значение слова рост, значение фразы рост, значение выражения рост, определение рост, определение слова рост, определение фразы рост, определение выражения рост