Ҳам дар он ҳафта якеро дидам аз эшон бар бодпое савор равон ва ғуломе чанд аз пай давон.
бештарХун меравад зи чашмам, он бахт ку, ки бинам,
Сарве нишаста бар лаб ин чашмаи равонро.
Мисриён ӯро китобхонаи равон мегуфтанд.
Биё, соқиё, май равонтар бидеҳ,
Сабук бошу ҷоми гаронтар бидеҳ.
Ки харад баҳри худ харе раҳвор?
Хар мағӯ–астари ҷавону равон.
Он чи, ки бар худ написандӣ равон,
Бар дигаре ҳам маписанд, ар тавон.
Эй рафиқи меҳрубон ва эй роҳати равон, маро сафари зарурӣ пеш омад.