пеш پیش
зарф
  1. муқобили пас I 1
    • Ҳамеронд дар пеш бо Тӯс Гев,

      Пас-андар парастандаи чанди нев.

      Абулқосим Фирдавсӣ
    пеш-пеш پیش پیش
    зарф
    пешопеш, аз пеш
    пеш андохтан پیش انداختن
    феъл
    аз пеш равон кардан, пеш рондан, аз пеш фиристодан
  2. муқаддам, қабл, собиқ, даргузашта; аввал, оғоз
    • Пеш аз ин бад рӯзгоре доштам, ошиқ шудам,

      Рӯзҳо дидам, ки ҷустам рӯзгори пешро.

      Мушфиқӣ
    пешу пас پیش و پس
    зарф
    1. 1.
      он чи рӯ ба рӯй аст ва он чи дар ақиб аст
    2. 2.
      аввалу охир, оғозу анҷом
    пеш будан پیش بودن
    феъл
    муқаддам будан, пешқадам будан
    пеш будан پیش بودن
    феъл
    муқаддам будан, пешқадам будан
  3. оянда
    • Гир, ки модар кунад аз меҳри хеш,

      Парвариши зода ба уммеди пеш.

      Хусрави Деҳлавӣ
    аз пеши худ از پیش خود
    зарф
    худ ба худ, бидуни ёрии каси дигар
    пеш овардан پیش آوردن
    феъл
    ба миён гузоштан, ба пеш мондан
    пеш омадан پیش آمدن
    феъл
    1. 1.
      наздик шудан
    2. 2.
      воқеъ шудан, рӯй додан; дучор гардидан
    пеш рафтан پیش رفتن
    феъл
    1. 1.
      ба пеш ҳаракат кардан
    2. 2.
      тараққӣ кардан, ривоҷ ёфтан
    пеш кашидан پیش کشیدن
    феъл
    пеш овардан, ба миён овардан, манзур кардан
    пеш гирифтан پیش گرفتن
    феъл
    1. 1.
      ихтиёр кардан, ирода намудан; қабул кардан, пазируфтан; риоя кардан
    2. 2.
      пешгирӣ кардан, чорачӯӣ намудан
    пеш намудан پیش نمودن
    феъл
    ошкор кардан, зоҳир кардан
    пеш хондан پیش خواندن
    феъл
    назди худ даъват кардан, ҷеғ задан
    аз пеш бардоштан از پیش برداشتن
    феъл
    роҳ тоза кардан, монеъаро бартараф намудан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии пеш, маънии вожаи пеш, маънии калимаи пеш, маънии ибораи пеш, маънои пеш, маънои вожаи пеш, маънои калимаи пеш, маънои ибораи пеш, таърифи пеш, таърифи вожаи пеш, таърифи калимаи пеш, таърифи ибораи пеш, значение пеш, значение слова пеш, значение фразы пеш, значение выражения пеш, определение пеш, определение слова пеш, определение фразы пеш, определение выражения пеш