пар پر I
исм
париш, паридан, парвоз
  • Чу пилон ба зӯру чу мурғон ба пар,

    Чу моҳӣ ба дарё, чу оҳу ба бар.

    Абулқосим Фирдавсӣ
пар پر II парр
исм
  1. найчаҳои бо мӯяк ва тибит фаро гирифташуда, ки тану боли паррандагонро мепӯшонанд
    • Қумоши бистари ӯ махмалу гул,

      Ба болинаш пари қу боли булбул.

      Саййидо
  2. бол, қанот, шаҳпар
    • Ба ду сад пар натавон бе мададат парридан,

      Ту маро зери чунин дом гирифтор магир.

      Шамси Табрезӣ бештар
    • Ёр он ҷову мани бечора ин ҷо беқарор,

      Ваҳ, чи хуш бошад, ки бар бозуи Хусрав пар бувад.

      Хусрави Деҳлавӣ
  3. паре, ки ба буни (думи) тири камон барои суръат додан ба ҳаракати тир баста мешавад
    • Тире, ки дӣ зад бар дилам, пайдост то ғоят ба ман,

      Пайкону килкаш як тараф, сӯфору парҳо як тараф.

      Хусрави Деҳлавӣ бештар
    • Золим ба марг даст намедорад аз ситам,

      Охир пари уқоб пари тир мешавад.

      Соиб
  4. паре, ки барои зинат ба кулоҳи шоҳона мехалонданд
    • Расид парри кулоҳаш, бале, ба чи?–ба фалак,

      Гузашт ҳиммати ӯ аз чи?–аз бари Кайвон.

      Фаррухӣ бештар
    • Шаҳзода маросими азо ба тақдим расонид ва ҳукм фармуд, то чунон ки оини муғул аст, пар аз кулоҳ барнадоранд.

      Муҷмалу-т-таворих
  5. канори ҳар чиз (мас. парраи биёбон, парраи доман, парраи бинӣ)
    • Иттифоқо ба ваҷҳи густохӣ,

      Сӯи ӯ кард офтоб нигоҳ.

      Ҳар чи ӯ мекушод банди қабо,

      Ӯ фурӯ мекашид парри кулоҳ.

      Анварӣ
  6. маҷ. ҳимоят, паноҳ
    • Барафрӯз лашкар ту аз фарри хеш,

      Сипаҳро ҳамедор дар парри хеш.

      Абулқосим Фирдавсӣ
пар پر III
исм
шакли кӯтоҳшудаи парниён 1
  • Аз карим падид ояд бе огаҳии кирм,

    Чандин қасабу атласу ҳаззу пару дебо.

    Сӯзанӣ
пар پر IV
исм
шуоъ, нур, партав
  • Чашмро сад пар зи нури акси рухсори шумост,

    Эй ки ҳар ду чашмро як пар мабодо бе шумо.

    Шамси Табрезӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии пар, маънии вожаи пар, маънии калимаи пар, маънии ибораи пар, маънои пар, маънои вожаи пар, маънои калимаи пар, маънои ибораи пар, таърифи пар, таърифи вожаи пар, таърифи калимаи пар, таърифи ибораи пар, значение пар, значение слова пар, значение фразы пар, значение выражения пар, определение пар, определение слова пар, определение фразы пар, определение выражения пар