пайвастан پیوستن
феъл
  1. пайванд кардан, муттасил намудан
    • Дили ман на чунон дар меҳр бишкаст,

      Ки донад мардум ӯро боз пайваст.

      Фахриддини Гургонӣ
  2. мулҳақ шудан, муттасил гаштан; ҳамроҳ шудан
    • Ғуломони гурехта низ бо эшон мепайвастанд ва рунуду авбоши шаҳрҳо пеши эшон мерафтанд.

      Ҷомеъу-т-таворих бештар
    • Баъд аз инам чи ғам аз тири каҷандози ҳасуд,

      Ки ба маҳбуби камонабрӯви худ пайвастам.

      Ҳофиз
    • Ба ман пайвастаӣ, эй доғу аз дасти ту месӯзам,

      Ту ҳам, эй гиря, ғаммозиву доим ошнои ман.

      Мушфиқӣ
    ба ҳам пайвастан به هم پیوستن
    феъл
    муттаҳид шудан бо якдигар
  3. расидан ба чизе
    • Аҳли Бухоро аз ранҷ берун омаданд ва ба роҳат пайвастанд.

      Таърихи Наршахӣ
  4. маҷ. фиристодан, раҳо кардан (тир ва ғ.)
    • Барафрохт ёлу бағал баркушод,

      Бипайваст тире дигар раҳ чу бод.

      Хоҷу
  5. маҷ. барангехтан, барангезондан, барпо кардан (ҷанг ва ғ.)
    • Назару Ғамза ҳар ду барҷастанд,

      Ҷодувон низ ҷанг пайвастанд.

      Мушфиқӣ
  6. маҷ. навиштан, ба риштаи назм кашидан; эҷод кардан
    • Зи гуфтори деҳқон кунун достон,

      Бипайвандам аз гуфтаи бостон.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ман ин нома ба гуфтаи бостон,

      Бипайвастам аз ранг чун бӯстон.

      Савдо
  7. маҷ. шифо ёфтан, сиҳат шудан
    • Ду ҳафта баромад бар он хаста мард,

      Бипайвасту бархост аз ранҷу дард.

      Абулқосим Фирдавсӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии пайвастан, маънии вожаи пайвастан, маънии калимаи пайвастан, маънии ибораи пайвастан, маънои пайвастан, маънои вожаи пайвастан, маънои калимаи пайвастан, маънои ибораи пайвастан, таърифи пайвастан, таърифи вожаи пайвастан, таърифи калимаи пайвастан, таърифи ибораи пайвастан, значение пайвастан, значение слова пайвастан, значение фразы пайвастан, значение выражения пайвастан, определение пайвастан, определение слова пайвастан, определение фразы пайвастан, определение выражения пайвастан