омадан آمدن
феъл
  1. муқобили рафтан 1; рафта истода ба ҷое расидан
    • Дигар бора булбул ба боғ омадааст,

      Пари пешӣ равшан чароғ омадааст.

      Низомӣ бештар
    • Уммед, ки боз бар сар оӣ,

      Чун ҷони азиз дар бар оӣ.

      Шоҳин
  2. содир шудан, сар задан
    • Агар аз касе гуноҳе ва тақсире омадӣ, ба зудӣ таъдиб нафармуданӣ аз ҷиҳати ҳаққи хидмат, аммо ӯро ба зиндон фиристодандӣ.

      Хайём бештар
    • Чун ин муртафеъ поя ҷои ту нест,

      Гунаҳ аз ман омад, хатои ту нест.

      Саъдӣ
  3. ёфт шудан, пайдо шудан
    • Ҳамаро биёзмудам, зи ту хуштарам наёмад,

      Чу фурӯ шудам ба дарё, чу ту гавҳарам наёмад.

      Шамси Табрезӣ
  4. ҳосил шудан
    • Ҳарчанд ҳақирам, суханам олию ширин,

      Оре, асали ширин н-ояд магар аз мунҷ.

      Мунҷик бештар
    • Ҷуз лутфу ҷуз ҳаловат аз шакар чи ояд?

      Ҷуз нур бахш кардан худ аз қамар чи ояд?

      Шамси Табрезӣ
  5. таваллуд шудан, таваллуд ёфтан, ба вуҷуд омадан, зоида шудан
    • Яке духтар, ки чун омад зи модар,

      Шаби дайҷурро биздуд чун х(в)ар.

      Фахриддини Гургонӣ бештар
    • Маҳдиро аз вай ду писар омад: яке – Мусоалҳодӣ ва дувум – Ҳорунаррашид.

      Таърихи Наршахӣ
  6. дохил шудан; маҷ. гунҷидан
    • Намегардад дили саргашта зарфи кибриёи ту,

      Шукӯҳи баҳр кай дар хилвати танги ҳубоб ояд?

      Саъдӣ
  7. киноя аз навишта шудан, зикр ёфтан
    • Хонадони ин давлати бузургро он асар ва маноқиб будааст, ки касеро аз дигар мулк набуда, чунон ки дар ин таърих биёмад.

      Таърихи Байҳақӣ
  8. феъли ёридиҳанда дар феълҳои таркибии номӣ, мас. ˊгирифтор омаданˊ, ˊмуфид омаданˊ ва ғ., ки дар ин сурат ба маънои шудан, гаштан ва гардидан аст
    ба овоз омадан به آواز آمدن
    киноя аз сурудан, хондан
    ба теғ омадан به تیغ آمدن
    киноя аз кушта шудан
    ба худ омадан به خود آمدن
    киноя аз ҳушёр шудан; ба ҳол омадан, ба ҳолати аслӣ даромадан
    ба чашм омадан به چشم آمدن
    киноя аз намоён шудан, намудор гаштан
    ба бар омадан به بر آمدن
    киноя аз ба воя расидан
    некӯ омадан نیکو آمدن
    хуб будан, муносиб будан, дуруст будан
    ба гӯш омадан به گوش آمدن
    киноя аз ба гӯш расидан, шунида шудан
    ба ҳуш омадан به حوش آمدن
    нигаред ба ба худ омадан 1; киноя аз ҳушёр шудан; ба ҳол омадан, ба ҳолати аслӣ даромадан
    дар назар омадан در نظر آمدن
    киноя аз пайдо шудан, падидор гаштан
    сухан аз сухан бурун ояд سخن از سخن برون آید
    зарб. як гап сабаби сар шудани гапи дигар мегардад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии омадан, маънии вожаи омадан, маънии калимаи омадан, маънии ибораи омадан, маънои омадан, маънои вожаи омадан, маънои калимаи омадан, маънои ибораи омадан, таърифи омадан, таърифи вожаи омадан, таърифи калимаи омадан, таърифи ибораи омадан, значение омадан, значение слова омадан, значение фразы омадан, значение выражения омадан, определение омадан, определение слова омадан, определение фразы омадан, определение выражения омадан