Кори ман он аст, ки ҳар замон бар сари гуноҳ равам ва кори ту он аст, ҳар замон ба сари мағфират шавӣ.
бештарБигзор, ки ишқ кори ту нест,
В-он ёри ман аст, ёри ту нест.
Баромад бар ин кор як рӯзгор,
Фурӯзанда шуд давлати шаҳрёр.
Ин як-ду дам, ки давлати дидор мумкин аст,
Дарёб кори дил, ки на пайддост кори умр.
Далери тиҳидаст ҳангоми кор
Чу бозест беболу пар дар шикор.
Маро кор аз ғами ишқи ту зор аст,
Дилам рафтасту ҷон наздики кор аст.