Аз ин пас хомуширо озмоям,
Чу аз гуфтор коре барнаёяд.
Бар сабр навис, Анварӣ, корат,
Чун кор ба ҷаҳд барнамеояд.
Коре, ки ба некӣ барнаёяд,
Девонагие дар ӯ бибояд.