замон زمان I
арабӣ
исм
  1. вақт, ҳангом; давр, замона, рӯзгор
    • Кашидандашон ҳаставу баста хор,

      Ба ҷон хостанд он замон зинҳор.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ширинтар аз онӣ ба шакарханда, ки гӯям,

      Эй Хусрави хубон, ки ту Ширини замонӣ.

      Ҳофиз
    ин замон این زمان
    зарф
    акнун, ҳоло, ҳозир, алҳол
    як замон یک زمان
    зарф
    муддати кӯтоҳ, андак вақт, лаҳзае
    андар замон اندر زمان
    зарф
    дар ҳамин вақт, бетаъхир, дер накарда
  2. муҳлат, фурсат
    • Маро замон додӣ, ки то ин об нахӯрам, накушӣ.

      Маҷмаъу-л-ансоб бештар
    • Ҳар муддате назар ба касе мекунад сипеҳр,

      Ҳар навбате замин ба касе медиҳад замон.

      Анвори Суҳайлӣ
    • Замон диҳед, ки васиятнома бинависам.

      Авфӣ
    замон хостан زمان خواستن
    феъл
    муҳлат пурсидан
  3. тақдир, сарнавишт
    • Туро худ замон ҳам ба дасти ман аст,

      Ба пеши равони ман ин равшан аст.

      Абулқосим Фирдавсӣ
    замон ёфтан زمان یافتن
    феъл
    хушбахт шудан, ба мақсад расидан
  4. ҳамоно, ба маҳзи… (ба ин маъно танҳо ҳамроҳи феълҳо меояд: омадан замон, даромадан замон, истодан замон ва ғ.); 
  5. забоншиносӣ категорияи дастурии хосси феълҳо, ки муносибати гӯяндаро ба вақти амалу ҳолат ифода мекунад
    замони мозӣ زمان ماضی
    исм
     замони гузашта
    замони мустақбал زمان مستقبل
    исм
    замони оянда
    дар замони Одам در زمان آدم
    бисёр вақтҳо боз, хеле вақтҳои пеш
    замони ҳол زمان حال
    исм
    замони ҳозира
замон زمان II
исм
  1. ҳаёт, умр, ҷон
    • Замони варо дар камон сохтам,

      Чу рӯзаш сар омад, бияндохтам.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. маҷ. марг, аҷал, мавт
    • Замон чун туро аз ҷаҳон кард дур,

      Пас аз ту ҷаҳонро чи мотам, чи сур.

      Абулқосим Фирдавсӣ
замон ضمان III
арабӣ
исм
  1. зоминӣ, замонат, кафолат, кафилӣ
    • Бидоред чанде каф аз доманаш

      В-агар мегурезад, замон бар манаш.

      Саъдӣ
  2. гарав
    • Гуфт: Не, бархез, набвад з-ин зиён,

      Ман сару ҷон мениҳам рахну замон.

      Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
замон زمان IV
исм
варзиш нигаред ба вақт II 1; муддатзамони баргузории як мусобиқа; замон 

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии замон, маънии вожаи замон, маънии калимаи замон, маънии ибораи замон, маънои замон, маънои вожаи замон, маънои калимаи замон, маънои ибораи замон, таърифи замон, таърифи вожаи замон, таърифи калимаи замон, таърифи ибораи замон, значение замон, значение слова замон, значение фразы замон, значение выражения замон, определение замон, определение слова замон, определение фразы замон, определение выражения замон