Дили киса ва ҳамён, ки муддатҳо монанди дасти лаимон холӣ буд, чун чашму дили ҷавонмардон пур шуд.
бештарЯк умр ганҷ дар дили вайрона орамид,
Як шаб дар ин хароба сар орӣ, чи мешавад?
Эй дил, сабур бошу махӯр ғам, ки оқибат,
Ин шом субҳ гардаду ин шаб саҳар шавад.
Агар худ дар маслаки мутавассит солик набувад, амру наҳяш дар дилҳо таъсир надорад.
Сипоҳ баргир ва ба Шом шав, ки маро дил ба шаҳрҳои Шом машғул аст.
Набудиш бе он бути хиргаҳӣ,
Дили лолаву майли сарви сахӣ.
Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нӯш кунему ном бар нанг занем.
Саҷҷода ба як пиёла май бифрӯшем,
В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.
Зулфи бути ман доштаӣ дӯш дар оғӯш,
Не, не, ту ҳанӯз он дилу он заҳра надорӣ!