дида دیده II
исм
  1. чашм
    • Кам аз як дам задан моро агар дар дида хоб ояд,

      Ғами ишқат биҷунбонад ба гӯш-андар ҷарас моро.

      Анварӣ
  2. маҷ. ҳар чизе, ки ба чашм монанд аст, ҳамчун ҳалқа, сӯрохи гирдшакл ва ғ.
    дидаи занҷир دیده زنجیر
    исм
    киноя аз ҳалқаҳои занҷир
    дида сурх кардан دیده سرخ کردن
    феъл
    киноя аз тамаъ кардан; нигоҳи тамаъкорона кардан; ба шавқ нигаристан
    ҳама тан дида гаштан همه تن دیده گشتن
    феъл
    маҷ. бодиққат нигоҳ кардан, бо тамоми ҳастӣ нигарон будан
    дида бад дур دیده بد دور
    нидо
    чашми бад нарасад! аз захми чашм дар амон бошад!
    аз дида хостан از دیده خواستن
    феъл
    сахт илтимос кардан
    бар ҳам задани дида بر هم زدن دیده
    феъл
    1. 1.
      розӣ шудан (бо ишорати чашм), қабул кардан
    2. 2.
      ба ҳамдигар задани милки чашм
    дидаи танг دیدة تنگ
    сифат
    чашми ҳарис, чашми гурусна 
    аз дида пинҳон шудан از دیده پنهان شدن
    феъл
    аз назар ғоиб шудан, нопадид шудан
    аз дида борон равон кардан از دیده باران روان کردن
    феъл
    киноя аз гиряи бисёр кардан ва ашкҳои фаровон рехтан
    аз дида рух шустан از دیده رخ شستن
    феъл
    гиряи зиёд кардан
    дида бар равзани хеш доштан دیده بر روزن خویش داشتن
    феъл
    киноя аз хоҳони манфаъати худ будан
    дидаи мим دیده میم
    исм
    киноя аз доираи хурди сари ҳарфи «*»-и алифбои арабӣ
    дида ба раҳ будан دیده به ره بودن
    феъл
    киноя аз интизорӣ кашидан; мунтазир будан
    дида сафед кардан دیده سفید کردن
    феъл
    аз ниҳояти интизорӣ кашидан, аз нигаронӣ бенур ва оҷиз шудани чашм
    дида ба хуфтан гарм кардан دیده به خفتن گرم کردن
    феъл
    хоби сабук кардан, ғунудан, пинак рафтан
    дида пурхун кардан دیده پرخون کردن
    феъл
    сахт гирён шудан; сахт гирён кардан
    паридани дида پریدن دیده
    исм
    ҳаракати чашм аз ғайри иродаи касе, ки дар урф гӯё аломати фоли нек ё бад аст
    дида ниҳодан دیده نهادن
    феъл
    киноя аз назар кардан, чашм дӯхтан 
    дида кушодан دیده گشادن
    феъл
    назар кардан, нигаристан 
    дида дӯхтан دیده دوختن
    феъл
    1. 1.
      бо диққат назар кардан 
    2. 2.
      чашм пӯшидан, тарки наззора кардан 
    дида дарё кардан دیده دریا کردن
    феъл
    киноя аз бисёр гиристан 
    дида боз сохтан دیده باز ساختن
    феъл
    киноя аз нигоҳ кардан, нигаристан, чашм кушодан
    дида баркандан دیده برکندن
    феъл
    чашм кушодан; чашм боло кардан 
    дида бардӯхтан دیده بردوختن
    феъл
    чашм пӯшидан, аз дидани касе ё чизе сарфи назар кардан
    диду водид دید و وادید
    исм
    ба мулоқоти ҳамдигар рафтан, ҳамдигарро дидор кардан
    ба дида به دیده
    исм
    ба назар, ба дидан, ба намуд 
    дидаи рӯз دیده روز
    исм
    киноя аз пагоҳирӯзӣ, сапедадам 
    дидаи равшан دیده روشن
    исм
    киноя аз чашми бино, ҳушёр 
    дидаи олуда دیده ‌آلوده
    исм
    киноя аз назари бад
    дидаи оламбин دیده عالم‌بین дидаи ъоламбин
    исм
    нигаред ба дидаи бедор 1; киноя аз ҳушмандӣ, огоҳӣ
    дидаи нарм دیده نرم
    исм
    чашми беҳаё 
    дидаи дил دیده دل
    исм
    басирати маънавӣ 
    дидаи бино دیده بنا
    исм
    нигаред ба дидаи бедор 1; киноя аз ҳушмандӣ, огоҳӣ
    дидаи бад دیده بد
    исм
    нигаред ба чашм I 4; чашми бад, нигоҳи бад, андешаи бад доштан
    дидаи сӯзан دیده سوزن
    исм
    сӯрохии риштагузаронии сӯзан 
    дида гирифтан دیده گرفتن
    феъл
    аз биноӣ ҷудо кардан, аз чашм маҳрум намудан
    дидаи най دیده نی
    исм
    киноя аз сӯрохҳои най
    дида нозук сохтан دیده نازک ساختن
    феъл
    киноя аз бодиққат назар кардан, зеҳн монда нигаристан
    дида пур аз дур кардан دیده پر از دور کردن дида пур аз дурр кардан
    феъл
    киноя аз гирён кардан, ашкрез намудан
    дида бар ҳам ниҳодан دیده بر هم نهادن
    феъл
    киноя аз мурдан 
дида دیده I
сифат
сифати феълии замони ҳозираи дидан 1
  • Ту гӯш ниҳодастию мо дида ба дидор,

    Аз дида басе фарқ бувад то ба шунида. 

    Камоли Хуҷандӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дида, маънии вожаи дида, маънии калимаи дида, маънии ибораи дида, маънои дида, маънои вожаи дида, маънои калимаи дида, маънои ибораи дида, таърифи дида, таърифи вожаи дида, таърифи калимаи дида, таърифи ибораи дида, значение дида, значение слова дида, значение фразы дида, значение выражения дида, определение дида, определение слова дида, определение фразы дида, определение выражения дида