дард درد
исм
  1. беморӣ, касалӣ, мараз
    • Гуфтамаш: Дарди ту дармоне надорад, чун кунам?

      Гуфт: Эй ғофил, надонӣ дарди ман дармони туст. 

      Шоҳин
    дарди мафосил درد مفاصل
    исм
    бемории бандҳои устухон, ревматизм
    дарди муҳлик درد مهلک
    сифат
    касалии ҳалокатовар
    дарди сирояткунанда درد سرایت‌کننده
    сифат
    касалии гузаранда
    дард кашидан درد کشیدن
    феъл
    бемориеро аз сар гузаронидан, азоб дидан аз беморӣ
  2. алам, озор; ҳисси нохушии ягон узв аз беморӣ, азоби ҷисмонӣ
    • Нахуст бояд, ки дониста ояд, ки хушӣ ва дард чист.

      Ибни Сино бештар
    • Агар бисӯзадат, эй дил, зи дард нола макун,

      Дам аз муҳаббати ӯ мезану ба дард бисоз. 

      Ҳофиз
    • Ба гудоз омадам аз дард, намехоҳам зар,

      Ману ҳамёни дилу ашрафии доғи ҷигар. 

      Мулҳам
    дарду гудоз درد و گداز
    исм
    ранҷу сӯзиш, дарду азоб
  3. маҷ. азоби рӯҳӣ, ғаму ғусса; фикру ёди аламноки касе ё чизе
    • Аз дӯст ба ҳар чиз чаро боядат озард,

      К-ин айш чунин бошад: гаҳ шодию гаҳ дард. 

      Рӯдакӣ бештар
    • Ошиқонро мурдан аз дарди ту хуштар аз ҳаёт,

      Талхии ғамҳои ту ширинтар аз қанду набот. 

      Ибни Ямин
    • Тоқати дарди ту з-ин беш надорам, ёро!

      Чорае кун ба назар дарди дили шайдоро!

      Камоли Хуҷандӣ
    дарди ишқ درد عشق
    исм
    савдои ишқ, ғаму ташвиши ошиқӣ
    дарди сар درد سر
    исм
    1. 1.
      судоъ, ба дард омадани сар аз ягон таъсир ё иллат
    2. 2.
      маҷ. ғам, ташвиш, заҳмат; ягон чиз ё ҳодисаи нобоби ташвишовар
    дарди дил кардан درد دل کردن
    феъл
    изҳори ҳасрат кардан, дил холӣ кардан, рози дил гуфтан
    дарди сар додан درد سر دادن
    феъл
    маҷ. боиси ташвиши касе шудан, азоб додан
    дарду ғам дидан درد و غم دیدن
    киноя аз дард кашидан ва ғаму андӯҳ аз сар гузаронидан
    ба дарди чизе мубтало кардан به درد چیزی مبتلا کردن
    ба ҳирси чизе гирифтор кардан (шудан)

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дард, маънии вожаи дард, маънии калимаи дард, маънии ибораи дард, маънои дард, маънои вожаи дард, маънои калимаи дард, маънои ибораи дард, таърифи дард, таърифи вожаи дард, таърифи калимаи дард, таърифи ибораи дард, значение дард, значение слова дард, значение фразы дард, значение выражения дард, определение дард, определение слова дард, определение фразы дард, определение выражения дард