Пур кун қадаҳи бода, ки маълумам нест,
Ин дам, ки фурӯ барам, барорам ё не?
бештарГуфтанд бад-ӯ, ки Қайс ҳарчанд
Кардаст чу най раҳи нафас банд,
Дар вай дардам дами вафое,
Бошад, ки бурун диҳад садое.
Марғули сунбул аз дами кӯи ту хушнасим,
Зулфи сабо зи хоки ҷаноби ту мушксой.
бештарДами боди баҳор бетааммул
Намудӣ сабз ҳамчун тухми сунбул.
Бигуфт: Аҳволи мо барқи ҷаҳон аст,
Даме пайдову дигар дам ниҳон аст.
бештарҲамчу осиё бар ман нест як дам ороме,
Баҳри рӯзие мурдам, рӯзу шаб ҷадал дорам.
Он дам, ки бо ту бошам, як сол ҳаст рӯзе,
В-он дам, ки бе ту бошам, як рӯз ҳаст соле.
бештарАгар ту дар дами мурдан ба ноз бар сарам оӣ,
Умед ҳаст, ки умрам ба дӯстӣ ба сар ояд.
Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам
В-аз бода шавад кушода банди маҳкам.
Иблис, агар зибода хӯрдӣ як дам,
Кардӣ ду ҳазор саҷда пеши одам.
бештарЗ-он дам, ки чарх бар сари одам ситодааст,
Бе заҳмате ба кас дами обе надодааст.
Чандон ки кафшгар фарёд кард, аз зан ... дам берун наёмад.
бештарДами каррано рафт то осмон,
Биларзид бар худ замину замон.
Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест,
Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест.
Аҳволи ҷаҳон, балки гетӣ яксар
Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
бештарТуро сеҳру даму афсуну найрангу мани маҳзун,
Занам ҷӯшу диҳам ҳушу ниҳам гӯшу кунам бовар.
Ниҳон буд чанд аз дами Аждаҳо,
Ба фарҷом ҳам з-ӯ наёмад раҳо.
бештарҶуз ман, ки даст бар сари зулфи ту мезанам,
Ку заҳрае, ки касе ба дами Аждаҳо равад!
Кова, ки донад задан бар сари Заҳҳок путк,
Кай шавадаш пойбанд кӯраву сандону дам!