дам задан دم زدن
феъл
  1. нафас задан ва нафас кашидан, фурӯ бурдан ва баровардани нафас
    • Масҷид ба як бор фурӯ рафт ва халқи бисёр дар вай ҳалок шуданд ва дар ҷумлаи шаҳр таъзият шуд ва баъзеро берун оварданд ва ҳанӯз дам мезаданд ва соъате будӣ – бимурдандӣ. 

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Агарчи дилам дид чандин ситам,

      Нахоҳам задан ҷуз ба фармон-т дам.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. таваққуф кардан, каме истода (нишаста) дам гирифтан, нафас рост кардан
    • Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,

      Бирафтанд, чун чашм бар ҳам заданд. 

      Саъдӣ
  3. сухан гуфтан, шикастани сукут, ҳарф задан, ба такаллум оғозидан, гап задан
    • Аз висоли хеш бо ман ҳар замон дам мезанӣ,

      Дам ба дам бар оташам обе чу шабнам мезанӣ 

      Саъдӣ бештар
    • Дам нозада бар ҷамоза биншаст,

      Рахт аз сари кӯҳи Наҷд барбаст. 

      Шоҳин
    • Зи лашкар наёрист дам зад касе,

      Набуд худ бад-он ҷой лашкар басе.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  4. овоз баровардан; нола кардан
    • Мутриб ба як савти ҳазин оташ зад андар хирманам,

      Чун уд сӯзад оламу чун най зи ҳиҷрон дам занад. 

      Исмат
  5. даъво кардан, иддао кардан; лоф задан
    • Кай раво бошад аз ҳавохоҳӣ,

      Ки занам пеши шаҳ дами шоҳӣ! 

      Хусрави Деҳлавӣ бештар
    • Алӣ Рой – волии Таббат ... дам аз муҳаббати оли або мезад. 

      Таърихи Фаришта
  6. дамидан, расидан (оид ба субҳ)
    • Бо субҳ бигӯед, ки бе вақт мазан дам,

      Имшаб шаби васл аст, нигаҳ дор нафасро!

      Камоли Хуҷандӣ бештар
    • Бо шаби васл аз фурӯғи рӯзи равшан фориғам,

      То қиёмат дигар, эй субҳи ҷудоӣ, дам мазан! 

      Исмат

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дам задан, маънии вожаи дам задан, маънии калимаи дам задан, маънии ибораи дам задан, маънои дам задан, маънои вожаи дам задан, маънои калимаи дам задан, маънои ибораи дам задан, таърифи дам задан, таърифи вожаи дам задан, таърифи калимаи дам задан, таърифи ибораи дам задан, значение дам задан, значение слова дам задан, значение фразы дам задан, значение выражения дам задан, определение дам задан, определение слова дам задан, определение фразы дам задан, определение выражения дам задан