гул گُل II
исм
варзиш имтиёзе ки пас аз убури тӯб аз дарвоза ё сабади як тим ба тими муқобил таъаллуқ гирад; гол

инглисӣ
исм
goal
гул گل I
исм
  1. ғунча ва ё муғҷаи вошудаи гиёҳон ва дарахтон, шукуфаи кушода, баргҳои рангини ба ҳам пайваста, ки баъзе дарахтон ва гиёҳон дар шохҳои худ ҳосил мекунад ва баъд аз муддате ба ҷои он тухм ё мева ба вуҷуд меояд; гули садбарг, вард, ки аксар хор дорад
    • Ганҷи беранҷ надидаст касе,

      Гули бехор начидаст касе. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Зи оби чашми ман гил шуд ба роҳи ишқ манзилҳо,

      Надонам то чи гулҳо бишкуфад охир аз ин гилҳо. 

      Ҳилолӣ
  2. киноя аз рухсор, рӯй, чеҳра
    • Барафрӯхт он моҳ чун офтоб,

      Фурӯ рехт бар гул зи наргис гулоб. 

      Низомӣ бештар
    • Жола аз наргис фурӯ бориду гулро об дод,

      В-аз тагарги рӯҳпарвар молиши унноб дод. 

      Восифӣ
  3. киноя аз лаб
    • Ба мушкин каманд андар афганд чанг,

      Ба фундуқ гулонро ба хун дод ранг. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  4. киноя аз маҳбуба
    • Гуфтанд, ки дар ҳавои ин гул

      Савдозада шуд ҳазор булбул. 

      Ҳилолӣ
  5. доғи сафедии чашм, як навъ сафедие, ки дар чашм пайдо мешавад
    • Машҳури оламем зи нуқсони эътибор,

      Изҳори айб чун гули чашм аст бӯи мо. 

      Бедил
  6. сари фатилаи чароғ, сари нимсӯхтаи пилтаи шамъ
    • Шамъ кун ин зардгулиҷаъфарӣ,

      То чу чароғ аз гули худ бархӯрӣ. 

      Низомӣ
  7. гиёҳҳое, ки барои гулҳои рангоранг ва хушбӯяшон мекоранд
  8. маҷ. беҳтарин чиз, зубдаи ҳар чиз
  9. маҷ. ҳар чизи нозук ва латиф
  10. нақшу нигоре, ки ба шакли гул дар деворҳо кашида ё ба матоъҳо бофта мешавад
  11. маҷ. сурхакон (бемории хавфнок)
гул گل III
исм
мусиқӣ нигаред ба шабака V 1; равзанҳои савтӣ, маъмулан ба шакли гул, ки бар рӯйи сафҳаи созҳои зеҳӣ, ба вежа хонаводаи барбатҳо, эҷод мешавад то байни ҳавои дохили ҷаъбаи савтӣ ва ҳавои хориҷи соз иртибот барқарор шавад; гул

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гул, маънии вожаи гул, маънии калимаи гул, маънии ибораи гул, маънои гул, маънои вожаи гул, маънои калимаи гул, маънои ибораи гул, таърифи гул, таърифи вожаи гул, таърифи калимаи гул, таърифи ибораи гул, значение гул, значение слова гул, значение фразы гул, значение выражения гул, определение гул, определение слова гул, определение фразы гул, определение выражения гул