Зи оби чашми ман гил шуд ба роҳи ишқ манзилҳо,
Надонам то чи гулҳо бишкуфад охир аз ин гилҳо.
Жола аз наргис фурӯ бориду гулро об дод,
В-аз тагарги рӯҳпарвар молиши унноб дод.
Ба мушкин каманд андар афганд чанг,
Ба фундуқ гулонро ба хун дод ранг.
Гуфтанд, ки дар ҳавои ин гул
Савдозада шуд ҳазор булбул.
Машҳури оламем зи нуқсони эътибор,
Изҳори айб чун гули чашм аст бӯи мо.
Шамъ кун ин зардгулиҷаъфарӣ,
То чу чароғ аз гули худ бархӯрӣ.