бурдан بردن II
феъл
  1. муқобили бохтан 1; ғолиб омадан, барор ёфтан, омад кардан дар ягон бозӣ
  2. нафъ дидан, фоида ёфтан
бурдан بردن I
феъл
  1. бо восита ва ё бе воситае аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол додан касе ва ё чизеро
  2. кашидан, ҷазб намудан
    • Дар боғ гул аз ту мебарад бӯй,

      Бӯи ту барад ба боғ моро. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  3. гирифтан; ба даст овардан, ҳосил кардан
    • Шароб аз пайи сурхрӯӣ хӯранд,

      В-аз ӯ оқибат зардрӯӣ баранд. 

      Саъдӣ
  4. дур кардан; рафъ кардан, аз миён бардоштан
    • Мае, к-ӯ маро раҳ ба манзил барад,

      Ҳама дил баранд, ӯ ғами дил барад. 

      Низомӣ
  5. муваффақ шудан, ғолиб омадан (дар бозӣ, мусобиқа ва м. ин)
    • Эй бародар, Ҳарам дар пеш асту ҳаромӣ аз пас, агар рафтӣ–бурдӣ ва агар хуфтӣ–мурдӣ. 

      Саъдӣ бештар
    • Хами абрӯи ту дар санъати тирандозӣ,

      Бурда аз дасти ҳар он кас, ки камоне дорад. 

      Ҳофиз
    • Эй бибурдастӣ ба таррорӣ зи ман,

      Ман надонистам, ки ин фан мезанӣ. 

      Анварӣ
  6. ситондан, рабудан, кашида гирифтан
    • Наам, тоифае ҳастанд бар ин сифат, ки баён кардӣ: косирҳиммат, кофирнеъмат, ки бибаранду биниҳанд ва нахӯранду надиҳанд. 

      Саъдӣ бештар
    • Бурд дил аз дасти ман зулфи парешони ӯ,

      Кард сияҳ бахти ман наргиси фаттони ӯ. 

      Шоҳин
  7. маҷ. таҳаммул кардан, тоқат овардан, аз сар гузаронидан 
    • Сахт аст пас аз ҷоҳ таҳаккум бурдан,

      Хӯ карда ба ноз, ҷаври мардум бурдан.

      Саҳл бошад сухани сахт, ки хубон гӯянд,

      Ҷаври шириндаҳанон талх набошад бурдан. 

      Саъдӣ
  8. феъли ёридиҳанда дар феълҳои таркибии номӣ, мас. гумон бурдан, хоб бурдан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии бурдан, маънии вожаи бурдан, маънии калимаи бурдан, маънии ибораи бурдан, маънои бурдан, маънои вожаи бурдан, маънои калимаи бурдан, маънои ибораи бурдан, таърифи бурдан, таърифи вожаи бурдан, таърифи калимаи бурдан, таърифи ибораи бурдан, значение бурдан, значение слова бурдан, значение фразы бурдан, значение выражения бурдан, определение бурдан, определение слова бурдан, определение фразы бурдан, определение выражения бурдан