боз باز II
сифат
  1. муқобили баста I 2; кушода, яла, во
    • Яди зулм ҷое, ки гардад дароз,

      Набинӣ лаби мардум аз ханда боз.

      Саъдӣ
    боз гардидан باز گردیدن
    феъл
    нигаред ба боз шудан 1; боз кардан кушодан, яла кардан
    боз мондан باز ماندن II
    феъл
    1. 1.
      ҷудо шуда мондан, аз чизе маҳрум мондан
    2. 2.
      кушода шуда мондан, яла шуда мондан
    боз намудан باز نمودن
    феъл
    бозкардан; гуфтан, шарҳ намудан, кушодани чизе
    боз шудан باز شدن II боз гардидан باز گردیدن
    феъл
    1. 1.
      ҷудо шудан, канда шудан
    2. 2.
      кушода шудан
    даҳон боз кардан دهان باز کردن
    феъл
    ба сухан даромадан, гап задан
    даҳонаш боз монд دهانش باز ماند
    феъл
    ҳайрон шуд, мутаҳаййир шуд
  2. нишеб, ба нишеб
    • Ҳамчунон санге, ки ӯро сел гардонад зи кӯҳ,

      Гоҳ з-он сӯ, гоҳ з-ин сӯ, гаҳ фарозу гоҳ боз. 

      Манучеҳрӣ
боз باز I
ҳиссача
  1. бори дигар, аз нав;, муҷаддадан, такроран, дубора
    • Барояд зи хоку шавад боз хок,

      Ҳама ҷои тарс асту тимору бок.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Бурд бозам аз худу якбораам девона кард

      Чаҳ-чаҳи гулзори булбул, қаҳ-қаҳи кӯҳсори кабк.

      Ҳоҷӣ
  2. илова бар ин, ба болои ин, ба замми ин, ҳанӯз; низ; то ҳол, ҳам, ғайр аз ин
    • Беш аз ин бори ғам манеҳ бар ман,

      Мани бечора боз ҷон дорам. 

      Анварӣ
  3. пасванд давомнокии амалро ифода мекунад; дар муддати…, ин ҷониб
  4. ҳиссачаи таъкидӣ мабодо
боз باز III
исм
парандаи қавичанголи нӯлдароз, ки парандагон ва ҳайвоноти майдаро шикор мекунад
  • Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,

    Кабутар бо кабутар боз бо боз. 

    Низомӣ бештар
  • Ин боз бо уқобе даровехт.

    Авфӣ
боз باز IV
исм
  1. нигаред ба қулоч 1; фосилаи байни ду нӯги дастони ба ду тараф ёзондашуда, ки ченаки дарозӣ ҳам ҳисоб мешавад
  2. масофаи байни сари ангушти миёнаи дасти рост ва чап дар вақти рост кунонидани дастҳо, қулоч
    • Пояш аз пеши ду дасташ биниҳад сесад гом,

      Дасташ аз пеши ду чашмаш биниҳад сесад боз.

      Манучеҳрӣ
боз باز V
исм
шакли дигари боҷ II 1
боз باز VI
пасоянд
суффикси исмсоз маънои машғул будани касеро бо коре ифода мекунад, мас. ′кафтарбоз′, ′қиморбоз′, ′шуъбадабоз′
боз باز VIII
исм
шимӣ ҳар моддаи шимиёӣ аъамм аз юнӣ ё мулкуле, ки битавонад аз ҷисми дигаре прутун бипазирад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии боз, маънии вожаи боз, маънии калимаи боз, маънии ибораи боз, маънои боз, маънои вожаи боз, маънои калимаи боз, маънои ибораи боз, таърифи боз, таърифи вожаи боз, таърифи калимаи боз, таърифи ибораи боз, значение боз, значение слова боз, значение фразы боз, значение выражения боз, определение боз, определение слова боз, определение фразы боз, определение выражения боз