баста بسته I
сифат
  1. сифати феълии замони гузаштаи бастан 1
    • ... Ки ин бастаро то Домовандкӯҳ

      Бибар ҳамчун тозиён бе гурӯҳ. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Бастаи гетӣ аз ӯ биёбад роҳат,

      Хастаи гетӣ аз ӯ биёбад дармон. 

      Рӯдакӣ
  2. чизи дар банд кардашуда (бо таноб, коғаз ё матоъе)
  3. муқобили кушода 1; пӯшида, масдуд
    баста шудан بسته شدن
    феъл
    1. 1.
      пӯшида шудан, маҳкам шудан
    2. 2.
      фаъолияти худро қатъ кардан, барҳам хӯрдан (-и идорае)
    роҳи гурез баста будан راه گریز بسته بودن
    феъл
    имконияти гурез намондан, мавҷуд набудани имкони фирор
  4. побанд, асир, гирифтор
  5. маҷ. вобаста, алоқадор, оид, алоқаманд.
    • Зи ман бинюшу дил дар шоҳиде банд,.

      Ки ҳуснаш бастаи зевар набошад.

      Ҳофиз
  6. сахтшуда, яхшуда (аз ҳолати шуррутӣ)
    • Чун булӯри шикаста баста шавад

      Гар барандози обро ба ҳаво. 

      Фаррухӣ
  7. маҷ. шефта, мафтун
    • Диле, к-ӯ бастаи зулфат набошад,

      Ҳамеша ғарқа дар хуни ҷигар бод! 

      Ҳофиз бештар
    • То бастаи мижгони ту гаштем ,ӣа ғамза

      Зад чашми ту барҳам ҳама ҷамъияти моро.

      Фузулӣ
  8. мубтало, гирифтор
    • Рой гуфт бараҳмандро, ки: Шунидам достони он кас, ки беравият ва фикрат худро дар дарёи ҳайрату надомат андохт ва бастаи доми пушаймонӣ ва ғаромат гардонид.

      Калила ва Димна
  9. фусурда, маҷрӯҳ, абгоршуда
    • Дари даж кушоданду Гурдофарид

      Тани хаставу баста дар даж кашид.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  10. сеҳрбандшуда, афсун ва ҷоду кардашуда
    • Бар басар афтад зи тағофул ниқоб,

      Баста шавад дидаи бино ба хоб.

      Хусрави Деҳлавӣ
  11. адабиётшиносӣ шеъре, ки иборат аз чор мисраъ аст (ғайр аз рубоӣ)
  12. номи навое
баста بسته II
исм
роёна ва фанноварии иттилоот маҷмӯъае аз барномаҳои муайян барои дастёбӣ ба ҳадафи вежа
баста بسته III
исм
кишоварзӣ-улуми боғбонӣ маҳмулае бузург ва комилан фишурда ва нахкашишуда аз маҳсулоти кишоварзӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии баста, маънии вожаи баста, маънии калимаи баста, маънии ибораи баста, маънои баста, маънои вожаи баста, маънои калимаи баста, маънои ибораи баста, таърифи баста, таърифи вожаи баста, таърифи калимаи баста, таърифи ибораи баста, значение баста, значение слова баста, значение фразы баста, значение выражения баста, определение баста, определение слова баста, определение фразы баста, определение выражения баста