бозор بازار
исм
  1. маҳалли махсуси харидуфурӯш, ки аз раставу дӯконҳои зиёде иборат аст
    • Сиришкатро кунун бошад равоӣ,

      Ки бифрӯшӣ ба бозори ҷудоӣ.

      Фахриддини Гургонӣ
  2. рӯзи муайяни харидуфурӯш, ки одатан ҳар ҳафта як ё ду бор барпо мегардад
    бозори шаб بازار شب
    исм
    бозоре, ки одатан дар шабҳои моҳи рамазон барпо мегардид
    шаби бозор شب بازار
    исм
    шаби бевоситаи баъди рӯзи бозор, яъне бегоҳи рӯзи душанбе (ки одатан оши палав мепазанд)
  3. фурӯш; савдо, харидуфурӯш
    бозори калоба بازار کلابه
    исм
    1. 1.
      ҷои фурӯши калоба
    2. 2.
      маҷ. ҷои пурмағал, серғавғо ва бетартиб
    бозори тез بازار تیز
    исм
    савдои чаққон; серхаридорӣ
    бозор кушодан بازار گشادن
    феъл
    бозор барпо кардан, ба фурӯш гузоштани молу чиз
    бозори касе авҷ гирифтан بازار کسی اوج گرفتن
    1. 1.
      зиёд шудани харидору талабгор ба чизи фурӯшии касе
    2. 2.
      ривоҷу равнақ ёфтани кори касе
    бозори чизе ё кореро гарм кардан بازار چیزی یا کاریرا گرم کردن
    киноя аз ривоҷу равнақ додан, ба авҷаш расондан (кореро)
    бозори чизе касод будан بازار چیزی کساد بودن
    феъл
    набудани харидор (талабгор) аз чизе; суст будани савдои чизе 
    аз бозор мондан از بازار ماندن
    феъл
    ба фурӯш нарафтан
    бозори чизе ё коре гарм шудан بازار چیزی یا کاری گرم شدن бозори чизе ё коре тафсидан بازار چیزی یا کاری تفسیدن
    феъл
    1. 1.
      авҷ гирифтани савдо ва харидуфурӯши чизе; харидору талабгори зиёд пайдо шудан (ба чизе ё коре)
    2. 2.
      равнақ ёфтани коре
  4. маҷ. ривоҷу равнақ
    • Бунафшазулфе, насринбаре, суманбӯе,

      Ки моҳро бари ҳуснаш намонд бозоре. 

      Саъдӣ
  5. маҷ. чораҷӯй, тадбир
    • Чу заҳҳок бишнид гуфтори ӯй,

      Ниҳони надонист бозори ӯй.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  6. маҷ. суд, фоида
    • Маро бо вай ҷуз ин коре набудаст,

      Бурун з-ин кор бозоре набудаст. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    бозор задан بازار زدن
    феъл
    киноя аз фоидаи дилхоҳ бурдан
    бозор оростан بازار آراستن
    феъл
    1. 1.
      киноя аз тадбир кардан, чора дидан барои фоидаи худ
    2. 2.
      киноя аз кори касеро ба сомон овардан
    бозор шикастан بازار شکستن
    феъл
    1. 1.
      киноя аз ба аҳволи бад андохтан ва беравнақ, оҷиз гардонидан; бозори касе тез кардан: а) киноя аз нархи чизеро баланд кардан, харидор зиёд кардан (бо ягон восита); б) киноя аз ривоҷу равнақ афзудан, талабгор зиёд кардан
    2. 2.
      аз равнақу равоӣ ва ривоҷ андохтан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии бозор, маънии вожаи бозор, маънии калимаи бозор, маънии ибораи бозор, маънои бозор, маънои вожаи бозор, маънои калимаи бозор, маънои ибораи бозор, таърифи бозор, таърифи вожаи бозор, таърифи калимаи бозор, таърифи ибораи бозор, значение бозор, значение слова бозор, значение фразы бозор, значение выражения бозор, определение бозор, определение слова бозор, определение фразы бозор, определение выражения бозор