Гунбаде к-андар ӯ бути санг аст,
Ғулғулаш то ҳазор фарсанг аст,
Кас дар он санг як даме наншаст,
Ки наёяд ба зери сангаш даст.
Талаф гардад ба сахтӣ бештар айёми доноён,
Ба зери санг аксар дасти марди пурҳунар бошад.