бастан بستن
феъл
  1. гиреҳ карда пайвастан, нӯг ба нӯг васл кардан (нӯги ду риштаро)
    • Ҳар ду танҳо ба айш биншаста,

      Бар ду рухи ғайр дар фурӯ баста.

      Дар роҳ ба қасди ӯ нишастанд,

      Девор шуданду роҳ бастанд.

      Ҳилолӣ бештар
    • ... Ки саҳл аст лаъли Бадахшон шикаст,

      Шикаста набояд дигарбора баст.

      Саъдӣ
  2. муқобили кушодан 1; чизеро ба чизе ё ба ҷое бо банд пайвастан (аспро ба ароба, харро ба дарахт, барзаговро ба ҷуфт ва ғ.)
  3. печондан (чизеро ба чизе)
    • Ҳазрати устоз ... аз болои он [телпак] якфӯттаи шоли мандил баста буданд.

      Садри Зиё
    салла бастан سله بستن
    феъл
    салларо ба гирди сар печонидан
  4. пизишкӣ латтапеч кардан (мас., ҷароҳатро); ҷо ба ҷо монда печондан (ҷои шикастаи устухонро)
  5. банд кардан, масдуд кардан (мас., пеши обро бо банд)
  6. муқобили боз кардан I 1; пӯшондан (дару тирезаро); қулф зада маҳкам кардан
  7. маҷ. маҷбур ба бозистодан кардан, қатъи фаъолият намудан(-и идора ё мағозае)
  8. баровардан, мева пайдо кардани рустание
  9. афсурдан, мунҷамид шудан
    • Сармо ба ғояте буд, ки ... об дар даҳон бибастӣ.

      Авфӣ
  10. мунъақид кардан, қабул кардан (қарордод, шартнома ё аҳду паймони байни ду кас ё ду давлат)
  11. чун феъли ёридиҳанда бо баъзе калимаҳо омада, феъли таркибӣ месозад
  12.  асир кардан, бандӣ кардан
    • Чу бар тезрав борагӣ барнишаст.

      Гирифт Аҳриманро, ба афсун бибаст.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  13. тартиб намудан сохтан, ба вуҷуд овардан
    • Маҳмуд тадбир гуфт ва дар он лашкар афтод ва аз эшон гӯристоне бибаст. 

      Маҷмаъу-л-ансоб бештар
    • Рӯзе, ки ман ин латифа бастам,

      З-ин муҳра ривоҷу дур шикастам.

      Шоҳин

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии бастан, маънии вожаи бастан, маънии калимаи бастан, маънии ибораи бастан, маънои бастан, маънои вожаи бастан, маънои калимаи бастан, маънои ибораи бастан, таърифи бастан, таърифи вожаи бастан, таърифи калимаи бастан, таърифи ибораи бастан, значение бастан, значение слова бастан, значение фразы бастан, значение выражения бастан, определение бастан, определение слова бастан, определение фразы бастан, определение выражения бастан