баромадан برآمدن
феъл
  1. боло рафтан, баланд шудан
    • Баромад бар ин сабз кохи баланд

      Ғиреви «бигир»-у хурӯши «бибанд». 

      Шодӣ
  2.  пайдо шудан, омадан, намудор гардидан, зоҳир гардидан
    • Зи дарёи Уммон баромад касе,

      Сафар карда ҳомуну дарё басе. 

      Саъдӣ бештар
    • Он сабзқабое, ки чу маҳ пор баромад,

      Имсол дар ин хирқаи гулнор баромад.

      Шамси Табрезӣ
    баромадани номи касе برآمدن نام کسی
    1. 1.
      зикр шудани номи касе, гуфта шудани номи касе
    2. 2.
      киноя аз машҳур шудани касе, шуҳрат ёфтани касе
  3. муқобили даромадан 1; берун шудан, хориҷ гаштан
    • З-он пештар, ки ҷонон ногаҳ зи дар дарояд,

      Аз шодии висолаш, тарсам ки ҷон барояд. 

      Ҳилолӣ бештар
    • Ҳазрати эшон аз ҳарамсарои худ ба ҳоли аҷибе баромаданд.

      Садри Зиё
  4. тулӯъ кардан
    • Чу он рӯшноӣ баромад баробари торикӣ, торикӣ ночиз гашт.

      Таърихи Систон бештар
    • Чу офтоби май аз машриқи пиёла барояд,

      Зи боғи орази соқӣ ҳазор лола барояд. 

      Ҳофиз
  5. рӯидан, сабзидан
    • Гар тухми тараб корию аз дида диҳӣ об,

      Дар боғи муҳаббат аламу дард барояд. 

      Махфӣ
  6. зиддият кардан, мухолиф шудан, тараф гардидан, мубориза кардан
    •  Мо донистем, ки ту танҳо ба қабилае бароӣ. 

      Авфӣ
  7. гузаштан
    • Чу муддате баромад, ҳоким таҳаммули шармсорӣ надошт. 

      Хористон бештар
    • Ду моҳ рӯзгор баромад, оқибат Яздгурд шикаста шуд.

      Маҷмаъу-л-ансоб
  8. задан, бархӯрдан, дучор шудан
    • Он к-ӯ туро ба сангдилӣ гашт раҳнамун,

      Эй кошкӣ, ки пош ба санге баромадӣ.

      Ҳофиз
    баромадани ҳоҷат برآمدن حاجت
    ҳосил шудани мурод, иҷро шудани мақсад
    ба ҳам баромадан به هم برآمدن
    феъл
    1. 1.
      ранҷидан, ба қаҳр омадан, озурда шудан, хашмгин шудан
    2. 2.
      дилтанг шудан, андуҳгин шудан
  9. пизишкӣ аз ҷо беҷо шудани устухони дасту пой ва ғ.
  10. бо сифати феълӣ омада, комилӣ ва тамомияти амалро ифода мекунад: дида баромадан, хонда баромадан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии баромадан, маънии вожаи баромадан, маънии калимаи баромадан, маънии ибораи баромадан, маънои баромадан, маънои вожаи баромадан, маънои калимаи баромадан, маънои ибораи баромадан, таърифи баромадан, таърифи вожаи баромадан, таърифи калимаи баромадан, таърифи ибораи баромадан, значение баромадан, значение слова баромадан, значение фразы баромадан, значение выражения баромадан, определение баромадан, определение слова баромадан, определение фразы баромадан, определение выражения баромадан