байт بیت I
арабӣ
исм
  1. хона
    • Тамаъ ба духтари соҳиби байт карда, миёни эшон ба ҷанг анҷомид. 

      Равзату-с-сафо бештар
    • Хӯроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи ту,

      Доим пур аст хонаам аз шербаччагон.

      Саййидо
    байт хондан بیت خواندن
    феъл
    1. 1.
      ду мисраъ шеъреро аз ғазале ва ғ. гуфтан
    2. 2.
      шеър хондан; суруд хондан
    байти анкабут بیت عنکبوت
    исм
    киноя аз тури анкабут, лонаи танидаи тортанак
    байти уммулқуро بیت ام‌القری
    исм
    нигаред ба каъба 1; хонаи Худо, хонаи чоркунҷае дар шаҳри Макка (Арабистони Саудӣ), ки мусулмонон вақти намоз ба сӯи он рӯ меоранд (қибла) ва дар тӯли зиндагӣ агар қудрат ва тавоноӣ дошта бошанд, як бор онро зиёрат (ҳаҷ) кардан аз фарзҳои ислом аст, Байтулҳарам
    Байти ақсо بیت اقصی
    исм
    нигаред ба Байтулмуқаддас 1; Уршалим
    байти маъмур بیت معمور
    исм
    нигаред ба байтулмаъмур 1; байти маъмур, ибодатхонае дар ҷои Каъба то тӯфони Нӯҳ, ки баъд дар осмони чорум дар муқобили Каъба қарор гирифта буд
    байти ҳазан بیت حزن
    исм
    1. 1.
      нигаред ба байтулҳазан 1;  хонаи ҳузн, хонаи андӯҳ, ғамхона; гӯшаи ҷудоӣ ва фироқ
    2. 2.
      киноя аз хонаи Яъқуб (ъ), ки дар вақти ҷудоӣ аз писараш Юсуф (ъ) дар он ҷо мотам мегирифт
    байти аҳзон بیت احزان
    исм
    нигаред ба байтулаҳзон 1; хонаи ҳузн, хонаи андӯҳ, ғамхона; гӯшаи ҷудоӣ ва фироқ
    байти бинтулинаб بیت بنت‌العنب байти бинтулъинаб
    исм
    1. 1.
      хуми шароби ангурӣ
    2. 2.
      хумхонаи майкада; майхона, шаробхона
    байти наҳл بیت نحل
    исм
    нигаред ба байтуннаҳл 1; хонаи занбӯри асал
  2. хона ва ҳуҷрае ки ошиқ дар вақти ҷудоӣ аз маҳбуба дар он ғаму ғусса мехӯрад
байт بیت II
арабӣ
исм
ду мисраъи бо ҳам алоқаманди шеър
  • Субҳ аз нафас ду мисраи барҷаста хонд, рафт,

    Девони эътибор – ҳамин байташ интихоб! 

    Бедил

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии байт, маънии вожаи байт, маънии калимаи байт, маънии ибораи байт, маънои байт, маънои вожаи байт, маънои калимаи байт, маънои ибораи байт, таърифи байт, таърифи вожаи байт, таърифи калимаи байт, таърифи ибораи байт, значение байт, значение слова байт, значение фразы байт, значение выражения байт, определение байт, определение слова байт, определение фразы байт, определение выражения байт