аҳл اهل
арабӣ
исм
  1. зан, аёл
    • Аҳлу фарзандони худро ҳама бигрифт ва бирафт.

      Маҷмаъу-л-ансоб
    аҳлу авлод اهل و اولاد
    исм
    зану фарзанд, аъзоёни хонавода, хешу табор
    аҳли байт اهل بیت
    зану фарзандон, хонавода, аъзои оила
  2. мардум, халқ; бошандагон, сокинон
    • Чун Искандар ба замини Шимол расид, аҳли он замин ба вай бинолиданд.

      Маҷмаъу-л-ансоб
    аҳли шаҳр اهل شهر
    исм
    сокинони шаҳр
  3. сазовор, лоиқ; кордон, мутахассис; воқиф, бохабар
    • Вазири малики Аҳвоз марде аҳл буд ва фазл дошт аз шеъру адаб.

      Носири Хусрав бештар
    • Ҳеч касро дар он рӯзгор наёфта, ки аҳли ин кор буда бошад.

      Тазкираи Давлатшоҳ
    аҳл гардидан اهل گردیدن
    феъл
    огоҳӣ пайдо кардан, воқиф ва доно шудан
  4. тифоқ, муттафиқ
    • Ёр аҳл аст, кор саҳл аст.

      Зарбулмасал
  5. мансуб, мутаъаллиқ
    аҳли адам اهل عدم аҳли ъадам
    исм
    1. 1.
      киноя аз ояндагон, ононе, ки ҳанӯз ба вуҷуд наомадаанд
    2. 2.
      киноя аз онҳое, ки аз ҳаёт чашм пӯшидаанд, мурдагон, фаношудагон
    аҳли басират اهل بصیرت
    дурандешон, одамони бофаросат, зирак, доно
    аҳли басар اهل بصر
    нигаред ба аҳли басират 1; дурандешон, одамони бофаросат, зирак, доно
    аҳли башорат اهل بشارت
    исм
    огоҳони ҳол, донандагони роз, маҳрамони асрор
    аҳли биниш اهل بینش
    исм
    нигаред ба аҳли басират 1; дурандешон, одамони бофаросат, зирак, доно
    аҳли ҷунун اهل جنون
    исм
    девонаҳо
    аҳли бирру эҳсон اهل بر و احسان
    исм
    солеҳон, некӯвон, ҷавонмардон
    аҳли ботин اهل باطن
    исм
     аҳли маънӣ, одамони донишманд, хирадмандон
    аҳли вафо اهل وفا
    исм
    вафодорон, соҳибони қавл
    аҳли ваҳдат اهل وحدت
    исм
    касоне, ки ба ягонагии Худо эътиқод доранд; аҳли тасаввуф, сӯфиён
    аҳли ваҷду ҳол اهل وجد و حال
    исм
    нигаред ба ваҷд 2; ҳолати завқу шавқи бехудонаи сӯфиён дар вақт симоъ ва ҷаҳр (дар истолоҳи тасаввуф)
    аҳли ғадр اهل غدر
    исм
    хиёнатгарон, фиребгарон, маккорон
    аҳли давлат اهل دولت
    исм
    подшоҳон, ҳокимон, давлатмандон, сарватдорон
    аҳли дард اهل درد
    исм
    1. 1.
      дардмандон, беморон
    2. 2.
      киноя аз ошиқон
    аҳли дарбор اهل دربار
    исм
    дарбориён, одамони дарбор, мансубон ба дарбор
    аҳли дарун اهل درون
    исм
    одамони наздик, наздикон, маҳрамони асрор, муқаррабон
    аҳли девон اهل دیوان
    исм
    хидматгорони давлатӣ, вазирон, мансабдорон
    аҳли дид اهل دید
    исм
    оқилон, доноён
    аҳли дил اهل دل
    исм
    аҳли маърифат, аҳли сидқу сафо; соҳибдил, ориф, донишманд
    аҳли дувал اهل دول
    исм
    арбоби давлат, ҳукуматдорон
    аҳли дунё اهل دنیا
    исм
    одамон; дунёдорон
    аҳли завқ اهل ذوق
    исм
    соҳибони истеъдоди адабӣ, наққошӣ, мусиқӣ ва ғ.
    аҳли замин اهل زمین
    исм
    мардуми рӯи замин, бошандагони рӯи замин
    аҳли замона اهل زمانه
    исм
    муосирон, ҳамасрон, ҳамаҳдон
    аҳли зоҳир اهل ظاهر
    исм
    1. 1.
      риёкорон; касоне, ки ба шакли берунии ҳар чиз диққат дода, ба мазмуни ҳақиқии он эътибор намедиҳанд
    2. 2.
      ба ақидаи аҳли суннат, одамоне, ки пайрави мазҳаби шиа мебошанд
    аҳли идрок اهل ادراک
    исм
    одамони зирак, бофаросат, тезфаҳм
    аҳли иқтоъ اهل اقطاع
    исм
    ба иқтоъ ноилшудагон, касоне, ки подшоҳ ба онҳо ба таври инъом ва мукофот замин, деҳ ва ё мулке додааст
    аҳли ъилм اهل علم аҳли илм
    исм
    олимон, касоне, ки бо илм машғуланд
    аҳли имон اهل ایمان
    исм
    муъминон, диндорон
    аҳли иродат اهل ارادت
    исм
    мухлисон ва пайравони тариқат
    аҳли ирфон اهل عرفان аҳли ъирфон
    исм
    1. 1.
      орифон, донишмандон, хирадмандон, одамони бомаърифат
    2. 2.
      сӯфиён
    аҳли исён اهل عصیان аҳли ъисён
    исм
    шӯришгарон, одамони исёнбардошта
    аҳли истеҳқоқ اهل استحقاق
    исм
    онҳое, ки интизори ёрианд, муҳтоҷон, мустаҳиққон
    аҳли истибсор اهل استبصار
    исм
    нигаред ба аҳли басират 1; дурандешон, одамони бофаросат, зирак, доно
    аҳли кайл اهل کیل
    исм
    савдогарон
    аҳли калом اهل کلام
    исм
    суханварон, адибон
    аҳли камол اهل کمال
    исм
    ба камол расидагон, аҳли фазлу дониш
    аҳли кимиё اهل کیمیا
    исм
    1. 1.
      кимиёгарҳо, ононе, ки бо илми кимиё машғуланд
    2. 2.
      маҷ. фиребгарон, ҳилагарон, маккорон
    аҳли карам اهل کرم
    исм
    сахиён, ҷавонмардон, одамони босаховат, кушодадаст, олиҳиммат
    аҳли инъом اهل انعام
    исм
    нигаред ба аҳли карам 1; сахиён, ҷавонмардон, одамони босаховат, кушодадаст, олиҳиммат
    Аҳли Китоб اهل کتاب
    исм
    яҳудиён, исавиён ва мусулмонон, ки дини ҳар кадом дорои китоби муқаддас («Таврот», «Инҷил», «Забур», «Қуръон») мебошад
    аҳли корвон اهل کاروان
    исм
    корвониён, сафаркунандагон бо корвон
    аҳли қалам اهل قلم
    исм
    нависандагон, адибон, шоъирон; котибон
    аҳли қиёс اهل قیاس
    исм
    ҳакимҳо, мантиқдонон
    аҳли қол اهل قال
    исм
    аҳли илмҳои зоҳирӣ, олимони илмҳои мадрасагӣ, онҳое, ки танҳо илмҳои расмиро таҳсил кардаанд
    аҳли қофила اهل قافله
    исм
    нигаред ба аҳли корвон 1;  корвониён, ҳамсафарон
    аҳли қубур اهل قبور
    исм
    мурдагон, даргузаштагон
    аҳли қудсӣ اهل قدسی
    исм
    фаришта, фариштаҳо
    аҳли мазҳаб اهل مذهب
    исм
    диндорон, муътақидони дин; пайравони мазҳабе
    аҳли малоҳат اهل ملاحت
    исм
    малеҳон, зебоён, хушрӯён, соҳибҷамолон
    аҳли маънӣ اهل معنی
    исм
    соҳибони фаҳму фаросат, соҳибони маърифат
    аҳли маърифат اهل معرفت
    исм
    1. 1.
      орифон, доноён, ҳакимон
    2. 2.
      сӯфиён
    аҳли муртоз اهل مرتاض
    исм
    риёзаткашон, зоҳидони риёзаткаш
    аҳли мурувват اهل مروت
    исм
    ҷавонмардон, инсондӯстон; одамони олиҳиммат
    аҳли назар اهل نظر
    исм
    мардумони бофаросат, одамони зирак
    аҳли ниёз اهل نیاز
    исм
    муҳтоҷон, эҳтиёҷмандон, бенавоён
    аҳли ъоила اهل عایله аҳли оила
    исм
    аъзои хонавода, аъзои оила, аҳли байт
    аҳли олам اهل عالم аҳли ъолам
    исм
    оламиён, ҷаҳониён; мардумон, одамон
    аҳли пеша اهل پیشه
    исм
    ҳунармандон, косибон
    аҳли рақам اهل رقم
    исм
    мутахассиси ҳисоб, риёзидон
    аҳли риё اهل ریا
    исм
    риёкорон, қаллобон, одамони дурӯя, мунофиқ, сохтакор
    аҳли роз اهل راز
    исм
    маҳрамон, ҳамрозон, сирдонон; аҳли дард
    аҳли рой اهل رای
    исм
    одамони донишманд, соҳибони ақлу тадбир
    аҳли савдо اهل سودا
    исм
     савдогарон; машғулони кори савдо
    аҳли сайф اهل سیف
    исм
    шамшерзан, сипоҳӣ, сарбоз; сарбозон
    аҳли салоҳ اهل صلاح
    исм
    тақводор; тақводорон
    аҳли санам اهل صنم
    исм
    бутпараст; бутпарастон
    аҳли санъат اهل صنعت
    исм
    санъатварон, одамоне, ки бо санъат машғуланд; аҳли синоат
    аҳли саъодат اهل سعادت
    исм
    саъодатмандон, хушбахтон, осудаҳолон, некӯаҳволон
    аҳли сафо اهل صفا
    исм
    баҳрагирандагон аз лаззатҳои дунё
    аҳли суннат اهل سنت
    исм
    сунниён, мусулмононе, ки пайрави мазҳаби суннианд
    аҳли сурат اهل صورت
    сифат
    зоҳирбинон, касоне, ки ба зоҳир аҳаммийят медиҳанд
    аҳли сухан اهل سخن
    исм
    1. 1.
      суханварон, нотиқон, суханпардозон, суханороён; сухансанҷон
    2. 2.
      доноён
    аҳли суҳбат اهل صحبت
    исм
    мусоҳибон, ҳамсуҳбатон
    аҳли табъ اهل طبع
    исм
    одамони боистеъдод; шоъирон
    аҳли тақво اهل تقوی
    исм
    порсоён, худотарсон, парҳезгорон
    аҳли тамаъ اهل طمع
    исм
    одамони ҳарис
    аҳли талаб اهل طلب
    исм
    нигаред ба аҳли ниёз 1; муҳтоҷон, эҳтиёҷмандон, бенавоён
    аҳли тамиз اهل تمیز
    исм
    одамони оқил, доно, ҳушёр
    аҳли тараб اهل طرب
    исм
    хушу хурсандикунандагон; вақтхушкунандагон
    аҳли тариқат اهل طریقت
    исм
    зоҳидон, сӯфиён, касоне, ки дар марҳалаи дувуми сулук қарор доранд
    аҳли таслис اهل تثلیث
    исм
    аҳли насоро, христианҳо
    аҳли улум اهل علوم аҳли ъулум
    исм
    соҳиби илмҳо, соҳибилм
    аҳли уқул اهل عقول аҳли ъуқул
    исм
    соҳибони ақл; ҳакимҳо, оқилон, хирадмандон
    аҳли фитнат اهل فتنت
    сифат
    зиракон, доноён, ҳушёрон
    аҳли фитрат اهل فطرت
    сифат
    одамони доно ва хирадманд
    аҳли хибрат اهل خبرت
    сифат
    одамони воқиф, кордон, одамони ботаҷриба
    аҳли хилват اهل خلوت
    сифат
    гӯшанишинон, ибодаткунандагон
    аҳли хирад اهل خرد
    исм
    оқилон, хирадмандон
    аҳли хок اهل خاک
    исм
    мурдагон, даргузаштагон
    аҳли ҳарам اهل حرم
    исм
    маҳрамон, бошандагони ҳарам
    аҳли ҳарб اهل حرب
    исм
    ҷанговарон, лашкариён
    аҳли ҳасад اهل حسد
    исм
    одамони бахил, бадрашк, нотавонбин
    аҳли ҳиросат اهل حراثت
    исм
    деҳқонон, кишоварзон
    аҳли ҳирфа اهل حرفه
    исм
    ҳунармандон, санъаткорон, пешаварон
    аҳли ҳис اهل حس
    исм
    файласуфоне, ки ҳисро манбаи дониши инсон медонанд
    аҳли ҳол اهل حال
    исм
    1. 1.
      онҳое, ки аз моҳияти чизҳо огоҳ гардидаанд
    2. 2.
      аҳли тасаввуф
    аҳли ҳоҷат اهل حاجت
    исм
    нигаред ба аҳли ниёз 1; муҳтоҷон, эҳтиёҷмандон, бенавоён
    аҳли шинохт اهل شناخت
    исм
    аҳли маърифат
    аҳли шуур اهل شعور аҳли шуъур
    исм
    соҳибидрок, соҳибфаросат, оқилон, донишмандон
    аҳли шуҳуд اهل شهود
    исм
    1. 1.
      ҳозирон, гувоҳон
    2. 2.
      мушоҳидакорон, равшанбинони ҳақиқат
    аҳли эҳтиёҷ اهل احتیاج
    исм
    нигаред ба аҳли ниёз 1; муҳтоҷон, эҳтиёҷмандон, бенавоён
    аҳли яқин اهل یقین
    исм
    1. 1.
      одамони ҳақиқатшинос, хирадмандон, муҳаққиқон
    2. 2.
      порсоён, сӯфиён
    аҳл сохтан اهل ساختن
    исм
    ба итоъат даровардан
    аҳли шариат اهل شریعت аҳли шариъат
    исм
    диндорон, соҳибони шариъат

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии аҳл, маънии вожаи аҳл, маънии калимаи аҳл, маънии ибораи аҳл, маънои аҳл, маънои вожаи аҳл, маънои калимаи аҳл, маънои ибораи аҳл, таърифи аҳл, таърифи вожаи аҳл, таърифи калимаи аҳл, таърифи ибораи аҳл, значение аҳл, значение слова аҳл, значение фразы аҳл, значение выражения аҳл, определение аҳл, определение слова аҳл, определение фразы аҳл, определение выражения аҳл