Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
ҷанг جنگ I
феъл
  1. асоси замони ҳозираи ҷангидан 1
  2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънии ҷанганда: хурӯсҷанг, сагҷанг
ҷанг جنگ II
исм
  1. муқобили сулҳ 1; ҳарб, набард, муҳориба байни ду тарафи мутақобил, задухӯрд ва кушокушии ду лашкари тарафҳо ё давлатҳои ба ҳам муқобил; ҷанҷол
    • Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,

      Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст. 

      Саъдӣ бештар
    • Зи баргаш ханҷаре бар чанг дорад,

      Ба акси сояи худ ҷанг дорад. 

      Саййидо
    ҷанг овардан جنگ آوردن
    феъл
    дарафтодан, ҷангидан
    ҷангу лоф جنگ و لاف
    исм
    ҷангу ҷидол, ҷангу мухолифат, ҷангу пархош
  2. бо ҳам дастбагиребон шудан ва ҳамдигарро дашному ҳақорат додани ду кас ё ду гурӯҳ, занозанӣ ва задухӯрди ду ҳайвон бо ҳам
  3. ҷабҳа, фронт
  4. дашном, сарзаниш, носазо
    ҷанги Бадр جنگ بدر
    исм
    нигаред ба Бадр I 1; ҷангест, ки Муҳаммади пайғамбар (с) бо Абӯсуфиёни Саврӣ дар соли дуюми ҳиҷрӣ дар Бадр кардааст
    ҷанги сипеҳр جنگ سپهر
    киноя аз ситами осмону фалак, ҷавру ҷафои даҳр, азоби зиндагӣ
    Ҷанги Бузурги Ватанӣ جنگ بزرگ وطنی
    исм
    ҷанги халқи шӯравӣ дар солҳои 1941-1945 ба муқобили Олмони фашистӣ
    ҷанги дохилӣ جنگ داخلی
    исм
    ҷанги байни ду ё чанд бахш ё минтақа аз як кишвар
    ҷанги сард جنگ سرد
    исм
    вазъияти хасмонаи ҳодд миёни ду абарқудрат, ҳамроҳ бо мусобиқаи таслиҳотию бархурди диплумотию ҷанги равонӣ ва анвоъи иқдомоти хасмона, ки ба амалиёти ошкор ва мустақими низомӣ байни онҳо мунҷар нашавад
    ҷанги ҷаҳонӣ جنگ جهانی
    исм
    ҷанге, ки як қатор давлатҳоро ба гирдоби худ кашида бошад
ҷанг جنگ III
исм
улуми низомӣ пайкору набард байни ду ё чанд кишвар, ки дар он тамоми тавони низомии тарафайни мухосима аз роҳи замину дарё ва ҳаво барои пирӯзӣ ба кор гирифта шавад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ҷанг, маънии вожаи ҷанг, маънии калимаи ҷанг, маънии ибораи ҷанг, маънои ҷанг, маънои вожаи ҷанг, маънои калимаи ҷанг, маънои ибораи ҷанг, таърифи ҷанг, таърифи вожаи ҷанг, таърифи калимаи ҷанг, таърифи ибораи ҷанг, значение ҷанг, значение слова ҷанг, значение фразы ҷанг, значение выражения ҷанг, определение ҷанг, определение слова ҷанг, определение фразы ҷанг, определение выражения ҷанг