шаб شب
исм
  1. муқобили рӯз 1; муддати муайян аз фурӯ рафтани офтоб то баромадани он
    • Ҳаргиз набувад, ки чун офтоб барояд, шаб бувад.

      Ибни Сино бештар
    • Зи фикри шутур сорбон шуд хароб,

      Шабу рӯз кунҷора бинад ба хоб.

      Саййидо
    шаби дайҷур شب دیجور
    сифат
    шаби бисёр торик, шаби тира
    шаби фаррух شب فروخ
    исм
    1. 1.
      номи яке аз мақомҳои сигонаи Борбад ва Накисо, ки дар ҳузури Хусрави Парвиз хондаву навохта мешудааст
    2. 2.
      шаби муборак 
    шаби моҳ شب ماه
    исм
    шаби маҳтоб, маҳтобшаб
    шаби шароб شب شراب
    исм
    шаби махсуси майхӯрӣ
    шаби ялдо شب یلدا
    исм
    дарозтарин шаби зимистон
    шабат хуш бод شبت خوش باد
    нидо
    шабат ба хайр!
  2. киноя аз зулфи сиёҳ, зулфи мушкин, мӯи сиёҳ
    • Нақше нигошт хатташ аз мушки суда бар гул.

      Доме фиганд зулфаш бар рӯзи равшан аз шаб,

      Анварӣ бештар
    • Зулфи ту менагузорад, ки бубинам рӯят,

      Ё раб, ин шаб зи куҷо бар сари маҳтоб афтод.

      Хусрави Деҳлавӣ
    шаби қадр شب قدر
    исм
    шаби бисту ҳафтуми моҳи рамазон
    шаби барот شب برات
    исм
    шаби понздаҳуми мохи шаъбон, ки дар он шаб малоик ҳисоби умр ва тақсими ризқ мекардаанд
    шаб дамидан شب دمیدن
    феъл
    киноя аз сабзидани мӯй бар гирди лаб ва чеҳра
    шаб обистан аст شب آبستن است
    киноя аз кас фардо чи воқеъаҳо рӯй доданашро дониста наметавонад, ноомид набояд шуд
    дар шаби тор ришта дар гуҳар кашидан در شب تار رشته در گهر کشیدن
    киноя аз даст задан ба кори душвори ношуданӣ
шаба شبه
зарф
шабона, шабина, дар вақти шаб
  • Ҳам он гоҳ шаба Нӯзаронро бихонд,

    Бифармуд, то тез лашкар биронд.

    Абулқосим Фирдавсӣ
шабагун شبگون
сифат
нигаред ба шабгун 1; шабранг, ба ранг шаб, сиёҳ, тира
шабак شبک
исм
шакли навозишии шаб 1
  • Рӯзаке ҳамнишини мо гардӣ,

    Шабаке дар канори мо бошӣ.

    Убайди Зоконӣ
шабакадор شبکه‌دار
сифат
дорои шабака; дорои сӯрох буда
шабакадорӣ شبکه‌داری
исм
шабакадор будан; дорои сӯрохҳо будани панҷара
шабакия شبکیه
арабӣ
исм
пизишкӣ яке аз пардаҳои дохили чашм
шабакӣ شبکی
зарф
шабона, шабонгоҳ
шабангӣ شبنگی
зарф
  1. гуфтугӯӣ мансуб ба шаб 1; он чи дишаб рух дода буд
  2. дирӯза
шабафрӯз شب‌افروز
исм
кирми шабтоб
сифат
равшанкунандаи шаб, чироғонкунандаи шаб
  • Зи гоҳи шом то субҳи шабафрӯз,

    Шудӣ дар хушдилӣ шабҳояшон рӯз.

    Хусрави Деҳлавӣ бештар
  • Шабам зи шуълаи шамъу чароғ мустағнист,

    Чунин ки машъалаи оҳи ман шабафрӯз аст.

    Абдураҳмони Ҷомӣ
  • Шабафрӯзе чу маҳтоби ҷавонӣ,

    Сияҳчашме чу оби зиндагонӣ.

    Таърихи Фаришта

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии шаб, маънии вожаи шаб, маънии калимаи шаб, маънии ибораи шаб, маънои шаб, маънои вожаи шаб, маънои калимаи шаб, маънои ибораи шаб, таърифи шаб, таърифи вожаи шаб, таърифи калимаи шаб, таърифи ибораи шаб, значение шаб, значение слова шаб, значение фразы шаб, значение выражения шаб, определение шаб, определение слова шаб, определение фразы шаб, определение выражения шаб