сано ثنا I
арабӣ
исм
  1. мадҳ, таҳсин
    • Чун бихонд, ҳамагон хира бимонданд, Барзӯяро саноҳо хонданд. 

      Калила ва Димна бештар
    • Ман боре бар ҳеч ҳоким ва волӣ сано нагӯям, агар нек бошад ва агар бад. 

      Аҳмади Дониш
    сано гуфтан ثنا گفتن
    феъл
    касеро мадҳу ситоиш кардан
  2. ситоиш, шукр ва сипос
    • Санои пири харобот боядам гуфтан,

      Ки дод бо мани махмур пои хум ҷоро. 

      Туғрал
    сано рондан ثنا راندن
    феъл
    ситоиш кардан, мадҳ кардан; ташаккур гуфтан
    ҳамду сано حمد و ثنا
    исм
    сипосу ситоиш
сано سنا II
арабӣ
исм
пизишкӣ як навъ гиёҳ, ки дар тиб истифода мешавад
санои маккӣ سنا‌ی مکی
исм
барги борики ҳиноиранги гиёҳи сано, ки дар тиб ҳамчун дору ба кор меравад
сано سنأ III сано سناء
арабӣ
исм
  1. рӯшноӣ, дурахшонӣ
  2. баландӣ, рифъат, олидараҷагӣ
    • Агар аз нуфус гӯем, ба мадади маҷду сано маҷол наёбем. 

      Ахлоқи Носирӣ
саноъат صناعت
арабӣ
исм
  1. кори эҷодӣ; ҳунар; пеша
    • Ва он мардумон, ки ин саноъат [бофандагӣ] мекарданд, пароканда шуданд. 

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Кимиёе кунам туро таълим,

      Ки дар иксиру дар саноъат нест. 

      Анварӣ
  2. истеҳсолот ва тавлидоте, ки молҳои хомро ба тариқи ҷараёни истеҳсолӣ кор карда мебарояд: саноъати вазнин, саноъати маъдан, саноъати маҳаллӣ, саноъати сабук ва ғ.
саноатвар صناعت‌ور саноъатвар
сифат
ҳунарманд, пешавар
  • Аз ҳар ҷинс саноатварон, ки андар лашкар ба кор оянд, муҳайё кард. 

    Таърихи Наршахӣ
саноатӣ صناعتی саноъатӣ
исм
мансуб ба саноъат 1
саноатпеша صناعت‌پیشه саноъатпеша
сифат
ҳунарманд, косиб
санобил سنابل
арабӣ
исм
ҷамъи сунбул I 1
  • Зи нӯги найзаҳои найзадорон

    Шуда водӣ чу атрофи санобил.

    Манучеҳрӣ
саногар ثناگر
сифат
санохон, мадҳ ва ситоишкунанда
  • Табъат, ки кимиёи зари рӯзгори ӯст,

    Бар садри рӯзгор саногар никӯтар аст. 

    Хоқонӣ
саногустар ثناگستر
сифат
нигаред ба саногӯй 1; санохон, ситоишкунанда, мадҳкунанда, дуъогӯй
  • Бар толеъи қавиш доугӯй Муштарӣ,

    Бар талъати беҳиш саногустар офтоб. 

    Анварӣ бештар
  • Менахоҳӣ, ки ман зи андак саъй,

    Бошамат дар ҷаҳон саногустар. 

    Заҳири Форёбӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии саноат, маънии вожаи саноат, маънии калимаи саноат, маънии ибораи саноат, маънои саноат, маънои вожаи саноат, маънои калимаи саноат, маънои ибораи саноат, таърифи саноат, таърифи вожаи саноат, таърифи калимаи саноат, таърифи ибораи саноат, значение саноат, значение слова саноат, значение фразы саноат, значение выражения саноат, определение саноат, определение слова саноат, определение фразы саноат, определение выражения саноат