озар آذر I
исм
  1. оташ
    • Баки дорам сӯзи дил, худро ба озар мезанам,

      Синаро дар шуълаи дил чун самандар мезанам.

      Махфӣ
  2. маҷ. сӯзу гудоз, дард, ғам
    • Васвасаи нафсонӣ дили бародар бар озар ниҳад.

      Авфӣ
    дар озар офтодан در آذر آفتادن
    феъл
    ба азобу уқубат гирифтор шудан, дар ғами чизе сӯхтан
  3. оташи муқаддас, ки дар болои он оташкада месохтаанд; маҷ. оташкада (дар Эрони қадим ҳафт оташкадаи машҳур буд, ки ҳар яке аз онҳо ба яке аз ҳафт сайёра нисбат дода шуда ва ҳар як номи махсус доштанд)
    • Пароканда гарди ҷаҳон муъбадан,

      Ниҳод аз бари озарон гунбадан.

      Дақиқӣ
    озари Барзин آذر برزین
    исм
    оташкадаи шашум аз ҳафт оташкадаи бузурги порсиён
    озари Баҳром آذر بهرام
    исм
    1. 1.
      номи оташкдаи севум аз ҳафт оташкдаи бузурги порсиён
    2. 2.
      номи биное қадим дар Ҳамадон, ки акнун вайрон аст
    Озари Зардушт آذر زردشت
    исм
    оташкадаи ҳафтум аз ҳафт оташкадаи бузурги порсиён
    озари Меҳр آذر مهر
    исм
    номи оташкадаи якум аз ҳафт оташкадаи бузурги порсиён
    озари Нӯш آذر نوش
    исм
    номи оташкадаи чорум аз оташкадаи бузурги порсиён
    озари Хурдод آذر خرداد
    исм
    номи оташкади панҷум аз оташкадаи бузурги порсиён
  4. номи падари Иброҳими пайғамбар, ки бутгар ва ҳайкалтарош буд
    • Бидод аз нақши Озар сад нишон об,

      Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.

      Робеа бештар
    • Ба ном(и) Эзад буте саминтанам ҳаст,

      Ки дар бутхонаи Озар набошад.

      Ҳофиз
озар آذر II
исм
  1. номи моҳи нуҳуми соли шамсӣ, ки ба 22 ноябр – 21 декабри соли мелодӣ рост меояд
    • Даю баҳману озару фарвадин,

      Ҳамеша пур аз лола бинӣ замин.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. номи рӯзи нуҳуми ҳар моҳи солшумории шамсӣ, ки мувофиқи расми форсҳо агар номи рӯз бо номи моҳ мутобиқат кунад, ин рӯзро ҷашн мегирифтаанд ва гӯё дар ин рӯз нохун гирифтан, мӯй тарошидан ва ғ. нек шуморида мешудааст
    • Эй хирадманд сарву тобон моҳ,

      Рӯзи озар майи чу озар хоҳ.

      Масъуди Саъд
озар آزر III
исм
шакли дигари озор II 1
озар آذر IV
исм
шакли кӯтоҳшудаи Озарбойҷон 1
  • Чу Баҳром рух сӯи Озар ниҳод,

    Фиристода омад зи қайсар чу бод.

    Абулқосим Фирдавсӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии озар, маънии вожаи озар, маънии калимаи озар, маънии ибораи озар, маънои озар, маънои вожаи озар, маънои калимаи озар, маънои ибораи озар, таърифи озар, таърифи вожаи озар, таърифи калимаи озар, таърифи ибораи озар, значение озар, значение слова озар, значение фразы озар, значение выражения озар, определение озар, определение слова озар, определение фразы озар, определение выражения озар