кор کار
феъл
асоси замони ҳозираи коштан 1
кор کار I
исм
  1. амал, шуғл; ҳунар, касб, пеша
    • Кори ман он аст, ки ҳар замон бар сари гуноҳ равам ва кори ту он аст, ҳар замон ба сари мағфират шавӣ.

      Аҳмади Дониш бештар
    • Бигзор, ки ишқ кори ту нест,

      В-он ёри ман аст, ёри ту нест. 

      Шоҳин
  2. маҷ. вазъ, вазъият, аҳвол
    • Баромад бар ин кор як рӯзгор,

      Фурӯзанда шуд давлати шаҳрёр. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  3. рафтор
    • Ин як-ду дам, ки давлати дидор мумкин аст,

      Дарёб кори дил, ки на пайддост кори умр. 

      Ҳофиз
  4. маҷ. ҷанг, муҳҳориба, задухӯрд, корзор
    • Далери тиҳидаст ҳангоми кор

      Чу бозест беболу пар дар шикор. 

      Ҳотифӣ
  5. маҷ. марг, аҷал
    • Маро кор аз ғами ишқи ту зор аст,

      Дилам рафтасту ҷон наздики кор аст. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    кор кардан کار کردن
    феъл
    1. 1.
      машғул шудан (бо коре, касб ё ҳунаре)
    2. 2.
      амал кардан; таъсир кардан
    кор бастан کار بستن
    феъл
    ба амал овардан, иҷро намудан
    кори гил کار گل
    исм
    корҳои доир ба хок ҳамчун кандан, тоза кардани хандақ ва ғ.
    кори дастбаста کار دست‌بسته
    исм
    коре, ки касе ба хубӣ анҷом дода метавонаду дигарон аз кардани мисли он оҷизанд; кори аҷибу шигифтовар
    кори об کار آب
    исм
    шаробхӯрӣ, майхӯрӣ
    кори обу гил کار آب و گل
    исм
    бинокорӣ
    кору бор کار و بار
    исм
    корҳо, машғулиёт, шуғл
    афтодани кор бо касе افتادن کار با کسی
    феъл
    муъомила доштан бо касе; муҳтоҷ шудан ба ёрии касе
    баромадани кор برآمدن کار
    феъл
    муваффақият пайдо кардани коре, натиҷа додани кор
    гиреҳ шудани кор گره شدن کار
    феъл
    мушкил шудани коре, чигил афтодан ба коре
    дароз гардидани кор دراز گردیدن کار
    кашол ёфтани кор
    кор дароз кардан کار دراز کردن
    феъл
    кашол додани кор
    кор додан کار دادن
    феъл
    ба кор омадан, лозим шудан; муҳимбарорӣ кардан
    кор доштан کار داشتن
    феъл
    машғул будан, бо коре андармон будан
    кор доштан бо касе, чизе کار داشتن با کسی، چیز‌ی
    феъл
    кордор будан бо касе, чизе; дахолат доштан ба ҳоли касе, чизе
    кор омадан аз касе کار آمدن از کسی
    феъл
    аз касе содир шудани феъле, амале
    кор пур кардан کار پر کردن
    феъл
    бо коре бисёр машғул шуда маҳорат пайдо кардан, таҷрибанок шудан
    кор пухта кардан کار پخته کردن
    феъл
    кореро бо эҳтиёт ва нағз ба ҷо овардан
    кори касеро бароростан کار کسی را برآراستن
    феъл
    анҷом додани кори касе, буд кардани кори касе
    кори касеро сохтан کار کسی را ساختن
    феъл
    1. 1.
      кори касеро анҷом додан, буд кардан
    2. 2.
      киноя аз маросими дафни касеро ба ҷо овардан; дафн кардан
    боло гирифтани кори касе بالا گرفتن کار کسی
    феъл
    киноя аз пеш рафтани кори касе, ривоҷу равнақ ёфтан, муваффақият пайдо кардани кори касе
    кори касе дар пой андохтан کار کسی در پای انداختن
    феъл
    киноя аз кори касеро вайрон кардан
    кори касе, чизе кардан کار کسی، چیز‌ی کردن
    феъл
    вазифаи касе ё чизеро иҷро намудан
    кор аз даст рафтан کار از دست رفتن
    феъл
    оҷизу отавон шудан, дар коре ноилоҷ мондан
    кор аз пеш бурдан کار از پیش بردن
    феъл
    кореро пеш бурдан
    аз кор гузаштани кор از کار گذشتن کار
    тамоман аз даст рафтани кор, намондани чорае барои ислоҳи пешомад ё воқеъае
    аз кор рафтан از کار رفتن
    феъл
    1. 1.
      аз ҳаракат бозистодан; аз фаъолият мондан
    2. 2.
      беҳол шудан, беҳуш шудан
    аз кор хестани кор از کار خیستن کار
    исм
    аз кор фоида ва натиҷае ҳосил шудан
    ба кор бурдан به کار بردن
    феъл
    кор фармудан, ба амал овардан
    ба кор овардан به کار آوردن
    феъл
    ба ҳаракат овардан, ба фаъолият даровардан
    ба кор омадан به کار آمدن
    феъл
    даркор будан, лозим шудан
    ба кор шудан به کار شدن
    феъл
    мавриди истифода шудан, истифода бурда шудан; даркор шудан
    ба Худо афтодани кор به خدا افتادن کار
    тамоман ноумед шудан
    ба ҷон расидани кор به جان رسیدن کار
    феъл
    бисёр ба дил задани коре, безор шудан аз коре, тоқат намондан
    рӯи кор овардан رو‌ی کار آوردن
    феъл
    ба сари кор овардан; мансаб додан
    ба сари кор будан به سر کار بودن
    феъл
    дар миён будан, мавҷуд будан; дахолат доштан
    кор андарун дорад, на пӯст کار اندرون دارد، نه پوست
    зарб. кор шамшер мекунад, на ғилоф
    кори бӯзина наҷҷорӣ нест کار بوزینه نجاری نیست
    зарб. ҳар кор коршиносеро талаб мекунад
    коре, ки чашм мекунад, абрӯ намекунад کار‌ی که چشم می‌کند، ابرو نمی‌کند
    зарб. ҳар кас ҳар корро карда наметавонад
кор کار II
исм
роёна ва фанноварии иттилоот нигаред ба калиди кор 1; калиди барномапазир, ки бо таваҷҷуҳ ба нармафзори мавриди истифода тавоноии анҷоми чанд вазифаи мухталифро дорад; кор
кори вақтгир کار وقت‌گیر
сифат
коре, ки барои анҷом додани он вақти зиёде лозим аст
карикатура
фаронсавӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба корикотур 1; расме, ки дар он ягон ҷиҳати манфии ашхос ё чизи дигар ё рӯйдод бо мақсади ҳаҷв ва ришханд аз будаш зиёд ва мазҳакаомез тасвир шудааст, тасвири музҳик, тасвири ҳаҷвӣ
картон
лотинӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба кортун I 1; коғази ғафси сахт, коғази муқова
кора кардан کاره کردن
феъл
асар кардан, таъсир бахшидан, коргар афтодан
корам کارم
сифат
барои кишт мувофиқ, қобили кишт
коранда کارنده
сифат
сифати феълии замони ҳозираи коштан 2; он ки кишт мекунад, зореъ, зироаткунанда
корандоз کارانداز
исм
техникӣ мурвати (тугмаи) ба кор андозанда
Куреи Ҷанубӣ کره جنوبی
исм
ҷуғрофиё кишваре дар қорраи Осиё, пойтахташ шаҳри Сеул ва забони расмиаш куреӣ аст

русӣ
исм
Южная Корея
Куреи Шимолӣ کره شمالی
исм
ҷуғрофиё кишваре дар қорраи Осиё, пойтхташ шаҳри Пиюнг-Ёнг ва забони расмиаш куреӣ аст; Ҷумҳурии Халқӣ-Демукросии Куре

русӣ
исм
Северная Корея
ҷонпос جان‌پاس
исм
умумӣ муҳофизи шахсӣ

русӣ
исм
телохранитель, личная охрана, эскорт

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии кор, маънии вожаи кор, маънии калимаи кор, маънии ибораи кор, маънои кор, маънои вожаи кор, маънои калимаи кор, маънои ибораи кор, таърифи кор, таърифи вожаи кор, таърифи калимаи кор, таърифи ибораи кор, значение кор, значение слова кор, значение фразы кор, значение выражения кор, определение кор, определение слова кор, определение фразы кор, определение выражения кор