Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
гурӯҳ گروه I
исм
  1. даста, иттиҳоди мардум
    • Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,

      Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Рафтӣ ба гурӯҳи хурдсолон

      То домани дашт, чун ғазолон.

      Ҳилолӣ
  2. ҷамоъат, табақае аз мардум, ки аз рӯи ягон мақсад муттаҳид шудаанд; тоифа; фирқа
    гурӯҳ-гурӯҳ گروه گروه
    зарф
    тӯда-тӯда, даста-даста; гурӯҳ аз паси гурӯҳ
гурӯҳ گروه II
исм
умумӣ гурӯҳе муваққат ё доимӣ ва дар айни ҳол миллӣ ва ҷаҳонӣ, ки аз сӯи давлат ё созмони расмӣ барои расидагӣ ба амре маъмур мешавад ва расман муваззаф аст дар бораи мавзӯъи марбут пажӯҳиш ва таҳқиқ кунад; мумкин аст пажӯҳиш ва таҳқиқот ба маънии аъамми он бошад ё ҷанбаи қазоӣ ва доварӣ дошта бошад; ҳайат, комиссиюн; ду вожаи комиссиюн ва кумите мумкин аст дар мавориди мухталиф ба ҷои ҳам ба кор раванд
гурӯҳ گروه III
исм
умумӣ нигаред ба бахш II 1; бахш ё қисмате аз як муассиса; гурӯҳ
гурӯҳ گروه IV
исм
ҳамлунақли дарунишаҳрӣ-ҷоддаӣ дастае аз васоили нақлия, ки ба далели вазъияти чароғҳои роҳнамоӣ ё ҳандасаи роҳ бо якдигар ҳаракат мекунанд
гурӯҳ گروه V
исм
мусиқӣ созҳои ҳамхонавода дар як созгон/уркестр
гурӯҳ گروه VI
исм
риёзӣ маҷмӯъае бо як амали дутоии ширкатпазир, ки дорои унсури ҳамонӣ бошад ва ҳар унсури он ворун дошта бошад
гурӯҳ گروه VII
исм
улуми низомӣ ягоне роҳкунишӣ ва идории инъитофпазире, ки аз ду ё чанд гурдон ташкил мешавад ва шомили ягонҳои пуштибонии размӣ ва пуштибонии хадамоти размӣ низ ҳаст
гурӯҳ گروه VIII
исм
забоншиносӣ воҳиде наҳвии бузургтар аз вожа ва кӯчактар аз банд, ки ҳастаи он мақулаи наҳвии аз ҷинси ҳамон воҳид аст
гурӯҳ گروه IX
исм
улуми низомӣ нигаред ба ҷӯха 1; ягоне роҳкунишӣ ва кӯчак, ки дар сохтори силсиламаротиби кӯчактар аз расад ва бузургтар аз тим аст ва маъмулан аз нуҳ нафар ташкил мешавад; гурӯҳ
гурӯҳак گروهک
исм
шакли тасғири гурӯҳ I 1; ҳизб ё созмони сиёсие, ки беаҳаммият ва камшумор аст

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гурӯҳ, маънии вожаи гурӯҳ, маънии калимаи гурӯҳ, маънии ибораи гурӯҳ, маънои гурӯҳ, маънои вожаи гурӯҳ, маънои калимаи гурӯҳ, маънои ибораи гурӯҳ, таърифи гурӯҳ, таърифи вожаи гурӯҳ, таърифи калимаи гурӯҳ, таърифи ибораи гурӯҳ, значение гурӯҳ, значение слова гурӯҳ, значение фразы гурӯҳ, значение выражения гурӯҳ, определение гурӯҳ, определение слова гурӯҳ, определение фразы гурӯҳ, определение выражения гурӯҳ