Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
силсила سلسله I
арабӣ
исм
  1. ҳар чизи монанди занҷир бо ҳам пайваста, занҷир; банд, баст
    • Он тоҷ бо силсилаи заррин аз бари сари ӯ овехта будӣ. 

      Маҷмаъу-л-ансоб бештар
    • Дилам аз партави хуршеди рухат қандилест

      Аз сари зулфи ту овехта бо силсилаҳо. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    дар силсила кашидан در سلسله کشیدن
    ба занҷир бастан
  2. насабнома, шаҷара; насл, авлод, хонадон
    • Шунида будам, ки дар силсилаи Фӯлод султони ҷавонест дар ғояти фаҳм ва дар ниҳояти карам. 

      Восифӣ бештар
    • Мурод аз ин китоб ду матлаб аст: яке зикри ансоб ва силсилаи аъқоб. 

      Маҷмаъу-л-ансоб
  3. маҷ. ҳалқа, гурӯҳ, ҷамоа, тоифа, даста
    • Берун бувад аз силсилаи аҳли иродат,

      Ҳар дил, ки на дар турраи пурпечу хами ӯст. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Инчунин коре дар силсилаи шуаро аз ҳеч кас манқул нест. 

      Восифӣ
    • Бо зулфи дилошӯб зи по силсила магсил,

      К-ин қоида дар силсилаи пиру ҷавон нест. 

      Махфӣ
    силсилаи зулф سلسله زلف
    киноя аз ҳалқаҳои зулф, печу хами зулф, шикани зулф
силсила سلسله II
исм
зистшиносӣ дувумин рутбаи расмӣ дар радабандии мавҷудоти зинда
силсилабанд سلسله‌بند
сифат
ба занҷир баста, занҷирбанд
силсилабандӣ سلسله‌بندی
исм
муҳандисии мухобирот иттисоли пуштисариҳами сомонаҳо ба тавре ки хурӯҷи ҳар сомона вурудии сомонаи баъдист
силсиладор سلسله‌دار
сифат
  1. дорои силсила
  2. маҷ. давомдор, бардавом
силсилазулф سلسله‌ذلف
сифат
нигаред ба силсиламӯй 1; ҷингиламӯй, печидамӯй
силсилакӯҳ سلسله‌کوه
исм
қаторкӯҳ
силсиламӯй سلسله‌موی
сифат
ҷингиламӯй, печидамӯй
  • Хотуни ӯ дӯсте дошт хуштабъи зеборӯи силсиламӯй.

    Анвори Суҳайлӣ
силсиланома سلسله‌نامه
исм
нигаред ба насабнома 1; шаҷара, нажоднома; навиштае, ки аслу насаб ва аҷдоди касеро муайян мекунад
силсилапайванд سلسله‌پیوند
исм
пайвасти занҷирмонанд

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии силсила, маънии вожаи силсила, маънии калимаи силсила, маънии ибораи силсила, маънои силсила, маънои вожаи силсила, маънои калимаи силсила, маънои ибораи силсила, таърифи силсила, таърифи вожаи силсила, таърифи калимаи силсила, таърифи ибораи силсила, значение силсила, значение слова силсила, значение фразы силсила, значение выражения силсила, определение силсила, определение слова силсила, определение фразы силсила, определение выражения силсила