исм
  1. хотир, хотира, ҳофиза
    • Танҳо на падар зи ёди ман шуд,

      Худ ёди ман аз ниҳоди ман шуд.

      Низомӣ
  2. ба хотир овардан; дар хотир нигоҳ доштан
    • Чун ба ёдат хона дар кӯи фаромӯшон кунам,

      Ёд кун гоҳе фаромӯшони кӯи хешро.

      Мушфиқӣ бештар
    • Савдо, чу ту ҳеч кас мабодо,

      Дар ёди баҳор дида пурнам!

      Савдо
    ёд кардан یاد کردن
    феъл
    1. 1.
      ба хотир овардан
    2. 2.
      зикр кардан, баён кардан, гуфтан
    3. 3.
      хотиррасон намудан, қайд кардан, навиштан
    ёд овардан یاد آوردن
    феъл
    1. 1.
      ба хотир овардан
    2. 2.
      маҷ. фикр кардан, андеша намудан
    3. 3.
      зикр кардан
    ёд гирифтан یاد گرفتن
    феъл
    1. 1.
      омӯхтан, аз худ кардан
    2. 2.
      ба хотир овардан, ёдоварӣ намудан
    ёд доштан یاد داشتن
    феъл
    дар хотир (ҳофиза) доштан
    ёд омадан یاد آمدن
    феъл
    ба хотир омадан
    ёд сохтан یاد ساختن
    феъл
    ба хотир овардан, ёдоварӣ намудан
    аз ёд бурдан از یاد بردن
    феъл
    аз хотир баровардан, фаромӯш кардан
    аз ёд рафтан از یاد رفتن
    феъл
    аз хотир берун шудан, фаромӯш шудан
    аз ёд шудан از یاد شدن
    феъл
    аз ёд рафтан, фаромӯш шудан
    ба ёд омадан به یاد آمدن
    феъл
    ба хотир омадан
    ёд будан аз касе یاد بودن از کسی
    феъл
    ба хотир овардан касеро
    ёди чизе бурдан یاد چیزی بردن
    феъл
    ба хотир овардан чизеро
    ёд додан аз касе|чизе یاد دادن از کسی|چیزی
    феъл
    ба хотир оварондани ёди касе, чизе
    ёди касеро|чизеро гирифтан یاد کسی|چیزی را گرفتن
    феъл
    касеро, чизеро ба хотир овардан, ёдоварӣ намудан
    ёди касе|чизе кардан یاد کسی|چیزی کردن
    феъл
    ба хотир овардан касеро, чизеро; зикр кардан касе, чизеро
    аз ёди касе фориғ будан از یاد کسی فارغ بودن
    феъл
    ба хотир наовардан, фаромӯш кардан касеро
  3. бедорӣ; ҳуш, ҳушёрӣ
  4. ёдбуд, хотира; ёди касро кардан, ба некӣ ба ёд овардани касе
  5. маҷ. орзу; хаёл, ба ёди рӯи (касе)
    • ...Ки Афросиёбаш ба сар барниҳод,

      Набудӣ ҷудо з-ӯ ба хобу ба ёд.

      Абулқосим Фирдавсӣ
    ба ёди касе ҷом пур кардан به یاد کسی جام پر کردن
    барои саломатии касе бода нӯшидан
    ёд додан یاد دادن
    феъл
    омӯзондан, омӯхтани коре ба касе, таълим додан
    аз ёд баромадан از یاد برآمدن
    феъл
    фаромӯш шудан
    аз ёд донистан از یاد دانستن
    феъл
    ёдакӣ донистан, дар хифз доштан
    аз ёд кардан از یاد کردن
    феъл
    ҳифз намудан, ёдакӣ кардан, ба ҳофиза супоридан, аз бар кардан
    дар ёд мондан در یاد ماندن
    феъл
    дар хотир будан, дар ҳифз будан, дар хотир мондан
    савганд ёд кардан سوگند یاد کردن I
    феъл
    расман ва бо тантана аҳд кардан ва ваъда додан барои иҷрои коре (мас., ҳарбиён барои ҳимояи Ватан)
    ёдат ба хайр یادت به خیر
    нидо
    иборае аст, ки ба тариқи навозиш ё лутф ба кор бурда мешавад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ёд, маънии вожаи ёд, маънии калимаи ёд, маънии ибораи ёд, маънои ёд, маънои вожаи ёд, маънои калимаи ёд, маънои ибораи ёд, таърифи ёд, таърифи вожаи ёд, таърифи калимаи ёд, таърифи ибораи ёд, значение ёд, значение слова ёд, значение фразы ёд, значение выражения ёд, определение ёд, определение слова ёд, определение фразы ёд, определение выражения ёд