Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
хабар خبر I
арабӣ
исм
  1. огоҳӣ, дарак, маълумот, иттилоъ; чизе, ки барои огоҳии мардум гуфта мешавад
    • Ҳар маъно хабари дигар орад. 

      Ибни Сино бештар
    • Мо бехабарон, чун хабар аз хеш надорем,

      Ҳоли дили овора чи донем, ки чун шуд?! 

      Ҳилолӣ
    хабарҳои парешон خبر‌های پریشان
    сифат
    суханҳои пароканда; маҷ. суханҳои ногувор
    хабар гирифтан خبر گرفتن
    феъл
    1. 1.
      огоҳ шудан, хабардор шудан
    2. 2.
      пурсидан аз сиҳҳату саломатии касе
    хабар додан خبر دادن
    феъл
    1. 1.
      огоҳ кардан, фаҳмондан
    2. 2.
      ҷеғ задан, таклиф кардан, даъват кардан
    хабар доштан خبر داشتن
    феъл
    огоҳ будан, иттилоъ доштан
    хабар ёфтан خبر یافتن
    феъл
    огоҳ шудан, донистан, фаҳмидан
    хабар кардан خبر کردن
    феъл
    1. 1.
      огоҳ кардан, хабардор кардан, хабар расондан
    2. 2.
      таклиф кардан, ҷеғ задан, даъват кардан
    хабар пурсидан خبر پرسیدن
    феъл
    аз аҳволи касе пурсидан, суроғ кардан
    хабар шудан خبر شدن
    феъл
    маълум шудан; огоҳӣ расидан
    хабар аз забони касе бастан خبر از زبان کسی بستن
    киноя аз гаперо бардурӯғ ба касе нисбат додан
  2. дастури забон он ҷузъи ҷумла, ки кору ҳаракат, амалу ҳолат ё чигунагии муносибати мубтадоро ифода мекунад; аз ҷиҳати сохту таркиб ва воситаи ифода хелҳои гуногун дорад
    аз хабар рафтан از خبر رفتن
    киноя аз беҳуш шудан
    хабар кашидан خبر کشیدن
    феъл
    матлаберо ба касе расондан, суханчинӣ кардан, сухани касеро ба назди касе рафта гуфтан
хабар خبر II
исм
забоншиносӣ дар сохти иттилоъи ҷумла, бахше, ки ҳовии иттилоъоте дар бораи мубтадост 

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии хабар, маънии вожаи хабар, маънии калимаи хабар, маънии ибораи хабар, маънои хабар, маънои вожаи хабар, маънои калимаи хабар, маънои ибораи хабар, таърифи хабар, таърифи вожаи хабар, таърифи калимаи хабар, таърифи ибораи хабар, значение хабар, значение слова хабар, значение фразы хабар, значение выражения хабар, определение хабар, определение слова хабар, определение фразы хабар, определение выражения хабар