рафтан رفتن
феъл
  1. аз ҷое ба ҷое равон шудан, тағйири макон кардан
    • Суви марзи Хоразм панҷоҳ ҳазор,

      Камарбаста рафт аз дари корзор.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. гузаштан
    • Маро дастгоҳи ҷавонӣ бирафт,

      Ба лаҳву лаиб зиндагонӣ бирафт.

      Саъдӣ
  3. воқеъ шудан, рӯй додан, ба амал омадан
    • Ду-се ҳамла миёни эшон бирафт.

      Маҷмаъу-л-ансоб бештар
    • Дар миёни ошиқу маъшуқ сирре рафт, рафт,

      Ту на маъшуқӣ, на ошиқ, мар-туро боре чи шуд?

      Шамси Табрезӣ
  4. мурдан, даргузаштан, вафот кардан; марг, вафот
    • Бирафт ӯю ин нома ногуфта монд,

      Чунон бахти бедори ӯ хуфта монд.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Агар ҷанозаи Саъдӣ ба кӯи дӯст бароранд,

      Зиҳӣ ҳаёти накӯному рафтане ба шаҳодат.

      Саъдӣ
  5. баромадан
    • Курсие биёвард ва биниҳод ва пир биёмад ва бар курсӣ рафт.

      Авфӣ
  6. фуруд омадан, поён шудан, даромадан
    • Дар Даҷла рафтам ва замоне сибоҳат кардам.

      Авфӣ
  7. қасд кардан, майл доштан; кӯшиш ба кор бурдан
    • Ҳарчанд Соиб, меравам сомони навмедӣ кунам,

      Зулфаш ба дастам медиҳад сарриштаи омолҳо.

      Соиб
  8. беҳуш шудан, бехуд шудан
    • Соиб, чи рафтаӣ, гуле аз бӯсааш бичин,

      Доим замони васл муяссар намешавад.

      Соиб
    дар ғазаб рафтан در غضب رفتن
    феъл
    ғазабнок шудан, хашмгин шудан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии рафтан, маънии вожаи рафтан, маънии калимаи рафтан, маънии ибораи рафтан, маънои рафтан, маънои вожаи рафтан, маънои калимаи рафтан, маънои ибораи рафтан, таърифи рафтан, таърифи вожаи рафтан, таърифи калимаи рафтан, таърифи ибораи рафтан, значение рафтан, значение слова рафтан, значение фразы рафтан, значение выражения рафтан, определение рафтан, определение слова рафтан, определение фразы рафтан, определение выражения рафтан