Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
замин زمین I
исм
  1. хок; сатҳи хок
    • Бад-ӯ гуфт: Зар ҳасту ҳам беш аз ин,

      Дирам ҳам, баруманд боғу замин.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Заминаш аз касрати ҷавоҳироти рангии ҳамчу даште сабзу хуррам ва гулҳои рангоранг ба назар дармеояд.

      Аҳмади Дониш
    рӯи замин رو‌ی زمین
    исм
    сатҳи тамоми олами хокӣ
    замини мурда زمین مرده
    исм
    1. 1.
      замини нокорам, замини бекор, замини партов
    2. 2.
      бахше аз замин, ки барои кишоварзӣ ё ҳар ҳадафи дигаре қобили истифода набошад
    дар замин кардан در زمین کردن
    феъл
    дар замин пинҳон намудан, гӯр кардан
  2. кишвар, мамлакат
    • Қозӣ Яҳё ... гуфт: ...Ба азимати сайри Ҳиндустон аз баҳри Ҳинд ба замини Калката ба навоҳии Қуннуҷ баромадем, ки ақсои замини Ҳинд аст.

      Аҳмади Дониш
    замину замон زمین و زمان
    исм
    тамоми дунё; тамоми олами ҳастӣ
    замин аз зери по кашидан زمین از زیر پا کشیدن
    феъл
    тарсонидан, дар бим андохтан; ноумед кардан; монеъ шудан, касеро аз истинодгоҳаш маҳрум сохтан
    заминро ба осмон дӯхтан زمین را به آسمان دوختن
    феъл
     аз ҳад зиёд дасту по задан, саъйу кӯшиш кардан
    замин зинда доштан زمین زنده داشتن
    феъл
    заминро обод кардан
    замини хидмат бӯсидан زمین خدمت بوسیدن
    феъл
    таъзим кардан
    замин сахту осмон дур زمین سختو آسمان دور
    киноя аз мушкилӣ, ноилоҷӣ, дармондагӣ, ки доди кас ба ҷое намерасад
    замин бӯсидан زمین بوسیدن
    феъл
    1. 1.
      сархамкунон таъзим кардан, бандавор хушомад гуфтан
    2. 2.
      изҳори одобу эҳтиром кардан
    замини ҳиммати касеро ба сар кашидан زمین همت کسی را به سر کشیدن
    феъл
    ҳурмату иззати калон изҳор кардан, қоил шудан ба касе
  3. ахтаршиносӣ севумин сайёраи манзумаи шамсӣ аз лиҳози фосила аз Хуршед, ки сайёрае сангӣ ба қутри ҳудуди 12800 килуметр аст ва шомили об ва ҷавву гармои муносиб барои шаклгирӣ ва идомаи ҳаёт аст
  4. масоҳате, ки ба қитъаҳо ҷудо карда, дар он киштукор мекунанд, киштзор, мазраа
    замини вақф زمین وقف
    исм
    замине, ки аз тарафи касе ба масҷид, мадраса ва ғ. бахшида мешуд, ба шарти истифодаи даромади он ба таъмири ин биноҳо ва таъмини талаба, мударрис ва ходимони онҳо
    замини дарёбод زمین دریاباد
    сифат
    замини беоби соҳилҳои дарё
    замини кишт زمین کشت
    исм
     киштзор, мазраъа
    замини обӣ زمین آبی
    сифат
    киштзори обёришаванда, ғайри лалмӣ
  5. таги ҳар чиз: замини ҳавз, замини хона ва ғ.
замин زمین II
арабӣ
сифат
барҷомонда, касе, ки ба сабаби касалӣ аз ҷой ҷунбида наметавонад ё ба пой рафта наметавонад
  • [Ӯ] ба иллати ниқрас замин шуда буд.

    Авфӣ
замин ضمین III
арабӣ
сифат
гарав, қавл, зомин
  • Ин қаболаи фалон замин ва фалон чизро фалон кас замин.

    Саъдӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии замин, маънии вожаи замин, маънии калимаи замин, маънии ибораи замин, маънои замин, маънои вожаи замин, маънои калимаи замин, маънои ибораи замин, таърифи замин, таърифи вожаи замин, таърифи калимаи замин, таърифи ибораи замин, значение замин, значение слова замин, значение фразы замин, значение выражения замин, определение замин, определение слова замин, определение фразы замин, определение выражения замин